Сафорати ИМА ба ДТММ-и ВКД таҷҳизоти тактикӣ тақдим кард
Душанбе, 25.092015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Рӯзи 23 сентябри соли ҷорӣ Сафорати ИМА дар Тоҷикистон беш аз 60 намуди таҷҳизоти тактикиро ба дастаи таъйиноти махсуси милитсия (ДТММ)-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бахши яккачини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, тақдим намуд.
Роҳбари Раёсати таҳсил ва машқҳои Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Мэттсон саҳми барҷастаи ДТММ-ро дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар зикр карда, барои идомаи ҳамкории мустаҳкам бо ҳамаи хадамоти амниятии Тоҷикистон изҳори умед намуд.
Таҷҳизоти тактикии мазкур барои таҳкиму дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва таъмини амнияти сарҳадӣ истифода хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки таҷҳизоти мазкур кумаки амалии навбатии Барномаи Фармондеҳии марказии ИМА оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






