Санъати тасвирӣ дар даври истиқлолият

Сентябрь 8, 2015 09:06

Душанбе, 08.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз 8-уми сентябри соли равон бахшида ба 24-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар китобхонаи донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Санъати тасвирӣ дар даври истиқлолият” баргузор гардид. 
Сухани ифтитоҳиро ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед оғоз карда, зикр дошт, ки “Истиқлолият шараф ва номуси хар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате  соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. 
Ҳамчунин дар нишаст, ки бо иштироки устодон ва донишҷӯёни фаъоли донишкада баргузор шуд, зикр доштанд, ки донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фарзанди истиқлолият мебошад ва дар се соли фаъолияташон  ба як қатор дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки хамаи ин маҳз аз заҳматҳои бузурги устодон ва донишҷуёни донишкада мебошад. Ҳамагон дар тамоми чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он хеле иштироки фаъол доштанд ва ҳамеша кӯшиш бар он мекарданд, ки номбардори миллати азизи хеш бошанд.

 

Сентябрь 8, 2015 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд