Ш.Зуҳуров ба Бадахшон рафт

Сентябрь 21, 2015 05:38

Душанбе, 21.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Субҳи имрӯз бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Бадахшон рафт. Дар фурудгоҳи Хоруғ  Шукурҷон Зуҳуровро муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, муовини  раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва раиси Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон Шодихон  Ҷамшед истиқбол гирифтанд.
Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов- котиби матбуотии палатаи поёнии Парлумони кишвар имрӯз Шукурҷон Зуҳуров дар ноҳияи Шуғнон ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи ин ноҳия 82 калиди манзили навро месупорад. Интизор меравад, ки Шукурҷон Зуҳуров дар муддати рӯз бо фаъолону меҳнаткашони ноҳияи Шуғнон  мулоқоту суҳбат намояд.

 

Сентябрь 21, 2015 05:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст