Силоҳбадастони ДИ масъулияти таркиш дар маркази Бағдодро ба дӯши худ гирифтанд

Сентябрь 18, 2015 03:42

Душанбе, 18.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар  ба иттилои  агентии  Рейтер,  силоҳбадастони «Давлати  исломӣ»  масъулияти  ду  таркиш  дар   маркази  шаҳри  Бағдодро, ки  ба  асари онҳо  20  нафар  ҳалок  гардида,  беш  аз  120  нафар  осеб  дидааст,  ба  дӯши  худ  гирифтанд.
Субҳи  рӯзи  панҷшанбе  дар  маркази  пойтахти  Ироқ   ду  таркиш  садо  дод. Силоҳбадастон  дар  изҳороти  дар  интернет  пахшкардаашон  хабар  доданд, ки  таркишҳоро   ду  террорист  аз  ҷумлаи  «худкушон» ба  амал  оварданд, ки он зидди пулис  ва  намояндагони  ихтиёриён равона  шуда буд.

 

Сентябрь 18, 2015 03:42

Хабарҳои дигари ин бахш