Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 -солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Душанбе, 04.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ: донишманд ва мутафаккири Шарқ» таҳти чунин унвон 5-6 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба ифтихори 700 -солагии шоир, ориф ва мутафаккири бузурги машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1386) симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад.
Дар симпозиум донишмандону муҳаққиқон ва ҳамадонишиносони маъруф аз кишварҳои Русия, Фаронса, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, маърӯза хоҳанд кард.
6 сентябр симпозиуми байналмилалӣ дар шаҳри Кӯлоб идома ёфта, меҳмонон-донишмандон оромгоҳ ва Осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва мақбараи Хоҷа Исҳоқи Хатлониро зиёрат намуда, аз Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ, Осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, осорхонаи шоир Саидалӣ Вализода боздид намуда, ёдгориҳои қадимаи Ҳулбукро тамошо мекунанд.
Бояд тазаккур дод, ки симпозиуми байналмилалии илмӣ бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишвар баргузор гардида, ҳадафаш омӯзиши паҳлӯҳои мероси пурғановати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, таҳқиқи замони шоир, нақши ин мутафаккир дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ва Ҳинду Эрон мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






