Субҳи бедорӣ дар афкори миллат

Сентябрь 8, 2015 11:00

 Ҳисор, 08.09.2015 (АМИТ “Ховар” Ҳотами Шариф). То имрӯз беш аз 200 иншооти хурду бузург ба ифтихори ҷашни 3000 солагии Ҳисор мавриди истифода қарор гирифт, изҳор дошт, раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Раҳмонзода дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз баргузор гардид гардид. Дар ҷамъомад собиқадорони меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ноҳия ҳузур доштанд. Раиси ноҳия аз дастовардҳои истиқлолият сухан ронда, корҳои ободониву созандагии Ҳисорро дар ҳоли имрӯз бесобиқа арзёбӣ кард.  Дастранҷи деҳқонони ноҳияи Ҳисор на танҳо дастраси сокинони ҷумҳурианд, балки меваҳои шаҳдбораш дар хориҷа ҳам коми ҳазорҳо нафарро ширин мекунанд. Мавриди зикр аст, ки ҳар рӯз чорводорони ноҳия ба сокинони шаҳри Душанбе беш аз 30 тонна шир мефурӯшанд.
   Дар охир ба пешқадамони соҳаҳои гуногун  ифтихорномаҳои раиси ноҳия бо тантанаи тақдим гардид. Ҳунарнамоии аҳли фарҳанг таъби ҳозиринро шод гардонд. 

 

Сентябрь 8, 2015 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст