Таҷлили ҷашни Истиқлол дар майдони назди шаршара

Сентябрь 8, 2015 06:05

         Душанбе, 08.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шаҳрдории Душанбе нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатиро дар пойтахт тасдиқ намуд. Тибқи он базмгоҳи асосии таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳи пойтахт» таъйин шуд. Дар ин ҷо  шоми 9 сентябр аз соати 18:00 барномаи идонаи консертӣ,  инчунин ҳунарнамоии устодони санъат, дастаҳои ҳунарӣ ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мегардад. 
Аз шаҳрдории Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 9 сентябр аз соати 10:00 дар боғҳои  фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» ва майдони «800 солагии Москва» барои истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  намоиши маҳсули дастони ҳунармандон, маҳсулоти саноатӣ, намоиш -фурӯши маҳсулоти кулчагию қаннодӣ, шириниҳои идона ва  таомҳои миллӣ  ташкил карда мешавад. Дар ин  боғҳо бо мақсади хотирмон гузаштани сайругашти идонаи сокинон ва меҳмонони пойтахт ҳунармандони ансамблҳои «Гулшан», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Лола», «Сомон», инчунин овозхонҳои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон бо барномаи идонаи консертӣ ҳунарнамоӣ менамоянд. 

 

Сентябрь 8, 2015 06:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад