Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар осорхонаи Хатлон
Душанбе, 21.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳамасола 22 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Бахшида ба ин сана дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи Авасто конфронси илмию адабӣ доир гардид. Дар он адибону шоирон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона ширкат доштанд.
Дар конфронс иштирокчиён зикр намуданд, ки Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ашъори гаронбаҳояш аз истифодаи калимаҳои бегона ва душворфаҳм худдорӣ намудааст. Ӯ на танҳо шакл ва навъҳои назми тоҷикиро ба ҳадди аъло расонидааст, балки мазмуни онро низ ғанӣ гардонидааст.
Ҳамин тавр, конфронси илмию адабӣ хотирмон сурат гирифта, донишҷӯён ва муҳассилини мактабҳо аз эҷодиёти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ғазалҳо қироат карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






