Тадбирҳои амниятӣ дар бозорҳои пойтахт пурзӯр гардонида мешавад
Душанбе, 07.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Тадбирҳои амниятӣ дар бозорҳои пойтахт дар иртибот бо ҳодисаҳои хушунатбори ахир бо дастури сохторҳои марбутаи қудратии кишвар пурзӯр гардонида мешавад», гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори «Ховар» Сайфулло Амонов -сардори Раёсати иқтисод ва бозорҳои пойтахт. Номбурда дар посух ба савол, ки чаро рӯзҳои охир аксари бозорҳи бузурги пойтахт фаъолият надоштанд, гуфт, ки вобаста ба омодагии пойтахт ба ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли дигар идораю муассисаҳои пойтахт 6 сентябр дар кулли бозорҳои бузурги шаҳр- «Шоҳмансур», «Саховат», «Деҳқон», «Корвон», «Султони Кабир», «Ганҷина» ва «Панҷшер» рӯзи тозагӣ ё худ санитарӣ эълон гардида буд, аммо бозорҳои хурд фаъолият доштанд. Имрӯз 7 сентябр тамоми бозорҳои бузурги пойтахт, ки аз рӯи таъиноташон ҳам маводи хӯрока ва пӯшока мефурӯшанд, ба фаъолият оғоз карданд.
Алҳол дар пойтахти ҷумҳурӣ 28 бозор фаъолият дошта, аз он 5 тоаш давлатӣ ва боқимондааш хусусист.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво 16 дараҷа гарм мешавад
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид






