Тафсилоти ҳуҷуми мусаллаҳона
Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз 4-уми сентябри соли 2015, соати 04:28-дақиқа аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона доир гардид. Дар натиҷа миқдори зиёди силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд.
Ҳангоми ин амали ҷинояткорона 4 — нафар кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД ва 4 нафар кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ба ҳалокат расиданд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат муаяйн гардид, ки дастаи террористӣ аз тарафи генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон, ки тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27-уми июни соли 1997 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида буд, дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва маслиҳати қаблӣ бо ҳаммаслаконаш роҳандозӣ гардидааст.
Аснои амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷои истиқомат ва корхонаи нонпазии мансуб ба Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), ҳамчунон ҳангоми дунболагирии ин дастаи терорристӣ дар мавзеъҳои Марғоби ноҳияи Ваҳдат ва Мағмуруди ноҳияи Рӯдакӣ миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳангоми содир намудани амалҳои террористӣ Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) бо роҳи фиреб, сохтакорӣ ва ба иштибоҳ андохтани кормандони Вазорати мудофиа, ҳамчунон аз мансаби муовини Вазири мудофиа сӯистифода кардааст.
Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) аз аввал то охир дар ин амалиёти террористӣ ширкат варзида, онро шахсан роҳбарӣ намудааст.
Ҳангоми амалиёти махсус аъзои дастаи террористӣ – Муродов Сарабек Баротович, соли таваллудаш 1967 зодаи ноҳияи Панҷ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ғафуров 112, хонаи 47, Ибронов Илҳомиддин Маҳмадулоевич, соли таваллудаш 1972, зодаи ноҳияи Ваҳдат, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Хоҷамбиёи Поён, хонаи 35, Сафаров Собир Каримович, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 28 А., Аюбов Фозил, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Наврӯз, хонаи 4, Холиқов Хуршед Додихудоевич, соли таваллудаш 1976, зодаи шаҳри Қурғонтеппа, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев, Салоев Ҳаёт Амриддинович, соли таваллудаш 1983, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дастгир карда шуданд.
Ҳамчунон дар рафти амалиёт аъзои гурӯҳи террористӣ Абдуллоев Зиёраддин, собиқ размандаи ИНОТ, узви ҲНИТ, ки дар асоси Созишномаи Сулҳ ба кор дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидааст, инчунин ҳашт нафар ҷинояткорони дигар, безарар гардонида шуданд.
Як гурӯҳ террористон бо сардории Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) ба самти дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат фирор намуданд. Кофтукови Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) ва дигар ҳаммаслакони ӯ бо тамоми роҳу восита аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат идома дорад.
Нисбати ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дастаи террористии Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) ба сохторҳои қудратии мамлакат ҳамкории хешро дареғ надоранд. Телефон барои тамос 221-21-21, 227-98-98.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






