Тамаъҷӯӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар дар Исфара
Душанбе, 04.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Кормандонии милитсияи шаҳри Исфара ду нафар мардро дастгир карданд, ки аз соҳибкор бо роҳи тамаъкорӣ 100 ҳазор доллар гирифтаанд.
Бино ба иттилои мақомоти милитсияи шаҳри Исфара, марди 36-солаи сокини шаҳри Исфара муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25-уми июни соли ҷорӣ корманди шӯъбаи таъминоти метрологии маркази санҷиши минтақавии шаҳри Исфара, марди 34-сола ва шарикаш марди 35-солаи муваққатан бекор, ҳар ду сокинони ҳамин шаҳр бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ маблағи 90000-доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки барои рад намудани парвандаи ҷиноятие, ки нисбати ӯ дар ҳудуди Федератсияи Рӯсия оғоз кардаанд, кӯмак мерасонанд. Аммо ин ду нафар боз аз ӯ маблағи иловагӣ талаб кардаанд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия рӯзи 1-уми сентябри соли равон тамаъкоронро ҳангоми гирифтани 10 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд.
Нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






