Таъмири роҳҳои Файзобод дар арафаи ҷашни Истиқлол

Сентябрь 7, 2015 03:24

Файзобод, 07.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди  ноҳияи Файзобод  барои дар сатҳи баланд  гузаронидани  ҷашни истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия, роҳҳои маркази ноҳияро  пурра таъмир намуданд.
 Барои таъмири  роҳҳои автомобилгарди  ноҳия имсол 161 ҳазору 828 сомонӣ  маблағгузорӣ шудааст, ки  то имрӯз нақшаи таъмири роҳҳо 100 фоиз иҷро шудааст. 
 Тибқи   иттилои сармуҳандиси  муассисаи мазкур Одил Неъматов имсол аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ  як пул ва 3,5 километр роҳҳои маҳаллиро  мумфарш кардаанд,  ки дар он 3 млн сомонӣ сарф шудааст.

Сентябрь 7, 2015 03:24

Хабарҳои дигари ин бахш