Тасмими Кумитаи забон ва истилоҳот ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
«Умри миллат ба умри забон вобаста аст»
(Эмомалӣ Раҳмон).
Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола дар кишвар 5 октябр таҷлил мегардад, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳои илмию фарҳангиро баргузор намояд. Дар иртибот ба истиқболи сазовори ҷашни забони давлатӣ кумита дар вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, қисмҳои низомӣ, ҷузъу томҳои мақомоти қудратӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар маҷлисҳои тантанавӣ, конфронсҳои илмию амалӣ, семинар, мизҳои мудаввар, маҳфилҳои адабӣ бо иштироки олимону адибон ва забоншиносонро доир менамояд. Ҳамзамон ба ифтихори ин санаи фархунда то 1 октябри соли равон хиёбону гулгаштҳо ва пештоқи биноҳои маъмурии шаҳру навоҳии кишвар бо шиору овезаҳои таблиғотӣ, ки бештари онҳо аз осори ниёкон ва аз суханрониҳои Президенти кишвар иқтибос оварда шудаанд, оро дода мешаванд.
Намуна: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мост», «Забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст», «Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат аст», «Дар замони ҷаҳонишавӣ забони тоҷикӣ бояд пойдории таърихии худро ҳифз карда тавонад», «Забон таърихи зиндагии миллат ва пайвандагри наслҳои дирӯзу имрӯз ва фардо мебошад», «Эҳтироми забони давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст». (Эмомалӣ Раҳмон).








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






