Террористон 56 хидматчии ҳарбии фурудгоҳи Сурияро қатл карданд
Душанбе, 21.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар ба иттилои Маркази таҳқиқи риояи ҳуқуқҳои инсони Сурия, силоҳбадастон дар фурудгоҳи ҳарбии Абу — ад — Дуҳури музофоти Идлиби кишвар 56 нафар хидматчиёни харбии артиши ҳукуматии Сурияро қатл карданд.
Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, 9 сентябр қувваҳои мусаллаҳи Сурия назорати фурудгоҳи ҳарбии Абу — ад — Дуҳурро аз даст дода буданд. Ҳарбиёне, ки беш аз ду сол пойгоҳи ҳавопаймоиро аз ҳамлаи силоҳбадастон ҳифз мекарданд, баъди задухӯрдҳои шадид мавқеъҳояшонро тарк намуданд.
Дар Сурия ихтилофоти мусаллаҳона аз моҳи марти соли 2011 идома ёфта, бар асари он, мувофиқи маълумоти СММ, беш аз 200 ҳазор нафар халок шудааст.
Дастаҳои силоҳбадастони гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳ зидди қувваҳои ҳукуматӣ ҳарбу зарб мекунанд, ки ҷангиёни гурӯҳҳои ифротталаби «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат — ан — Нусра» аз ҷумлаи фаъолтарини онҳо ба шумор мераванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






