ВАО: ихтилофот дар сафҳои «Давлати исломӣ»
Душанбе, 25.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар сафҳои гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» ихтилофот авҷ мегирад. «Роҳбарони иктишофоти қувваҳои мардумии худмудофиаи Ироқ хабар доданд, ки баъди кӯшишҳои сершумори террористони «Давлати исломӣ» барои такроран ба даст овардани шаҳри Байҷии музофоти Салоҳ — ад — Дин моҳи сентябри соли равон дар сафҳои террористон ихтилофти ҷиддӣ сар зад», — гуфта мешавад дар хабари Агентии Fors — и Эрон.
Дар охири моҳи июн шаҳри Байҷи аз террористон пурра озод карда шуда буд. Муҷоҳидон кӯшиш мекарданд, ки ин шаҳрро бо ҳар роҳ дар дасти худ нигоҳ доранд, зеро дар он ҷо корхонаи калони коркарди нафт мавҷуд аст. Ифротгароён баъди аз даст додани ин корхона аз манбаи муҳими даромад маҳрум шудаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






