Зуҳуров бо ҳамтоёни худ дар Ню-Йорк мулоқот кард
Душанбе, 01.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Сиёсате, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, шароити мусоидро барои таҳкими ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо бо кишвар ва созмонҳои хориҷӣ фароҳам овардааст». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ дар ҷараёни сӯҳбатҳо бо ҳамтоёни худ — Марзук Алӣ Ал Ғаним -раиси парлумони кишвари Кувайт, Владимир Андрейченко -раиси парлумони Ҷумҳурии Беларус ва Оқтай Асадов -раиси парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон баён дошт. Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мобайни Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумонҳои Кувайт, Белорус, Озарбойҷон, густариши муносибот дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энргетика, саноат ва сохтмон, варзишу туризм ва фарҳанг изҳори назар шуд. Бояд тазаккур дод, ки мулоқоти Ш. Зуҳуров бо ҳамтоёни худ аз Кувайт, Беларус ва Озарбойҷон дар Ню- Йорк, дар доираи кори конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо ҷараён гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






