5- уми октябр- Рӯзи забони давлатӣ
Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи забон яке аз падидаҳои мубораки даврони истиқлолият буда, мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол 5- уми октябр дар саросари кишварамон мутантан ҷашн гирифта мешавад ва барои мардуми Тоҷикистон азизу мӯътабар аст.
Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидаанд. Беҳуда нест, ки Яъқуби Лайс ба шоире, ки ба забони бегона ӯро васф карда буд, гуфт: «Чизе ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфт?». Бо ташаббуси ин марди ватанпарвар шеър гуфтан ба забони модарии мо оғоз гардид ва қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллои Рӯдакӣ низ аз ин сарзамин бархост.
Забон ҳанӯз дар набардҳои таърих яке аз майдонҳои истиқлолхоҳиву ватанпарастӣ буда, дар қатори диловарони ин майдони озодихоҳӣ гурӯҳи нафарони огоҳ ва дурандеш, хонаводаи Сомониён иродаи матинро бо тадбиру хирад омезиш дода, давлати неруманд ва мутамаркази миллиро аз андеша ба воқеият табдил доданд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






