«8 ҳизби сиёсӣ чӣ лозим?», «Чаро Арабистони Саъудӣ намегӯяд, ки биёед хонаи Худоро бепул зиёрат кунед?», «Се террорист» — ва дигар мақолаҳое, ки дар матбуоти даврӣ чоп шудаанд

Октябрь 29, 2015 06:36

Душанбе, 29.10.2015 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» дар шумораҳои навбатии худ, ки ин ҳафта пешкаши хонандагон намудааст, аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву варзишӣ хабару гузоришҳо ва мақолаҳои ҷолиб дарҷ кардааст. Дар шумораи рақами 213 аз 24-уми октябри соли равон оид ба робитаҳои Тоҷикистону Ҷопон дар сатҳи сифатан нав мақолаи Додоҷон Рӯзиев ба чоп расида, дар саҳифаи «Шоми шанбе» матлабҳои иттилоотӣ-фароғатӣ нашр шудаанд. Шумораи рақами 214 аз 27-уми октябри соли равон нахустин ташрифи Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистонро инъикос кардааст. Дар шумораи мазкур идомаи «Чор хиёнат алайҳи давлатдории миллӣ» пешкаши хонандагон шудааст, ки дар ин мақола, аз ҷумла омадааст: «Дингароёни замони истиқлолият аз озодии дину виҷдон дар давлати демократӣ истифода бурда, кӯшиш намуданд, ки роҳи мактаббачагонро ба сӯи мактаб баста, онҳоро «ҳамнишин»-и худ дар масҷиду «шогирди хона» намоянд». «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи чоршанбе аз тантанаҳои идона бахшида ба 3000-солагии Ҳисори Шодмон гузориши муфассал омода кардааст. Мақолаи корманди прокуратураи вилояти Хатлон Сайдалӣ Бобозода оид ба ҳолати бақайдгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар мақомоти омор, андоз, камбудиҳо дар мавриди сари вақт ҳисоб кардан ва пардохт намудани андозҳо дар ноҳияҳои вилояти Хатлон нақл мекунад. Шумораи рақами 216 аз 29–уми октябри соли равон мақолаи таҳлилии Мирзои Фирӯзро таҳти номи «Заҳмати 40-соларо ба бод надиҳем» ва ҳамчунин таҳти номи «Роҳе, ки бозгашташ сӯи марг аст» андешаҳои муаллиф Холназар Касировро дар бораи хатарҳои ифротгароӣ пешкаши хонандагон кардааст.
Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» дар шумораи рӯзи сешанбе аз ҷараёни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон хабар нашр кардааст. Дар ин шумораи «Садои мардум» дар хусуси таъхири таъмини аҳолӣ бо оби тоза мақолаи таҳлилгар Ҳ.Назрулло чоп шудааст, ки аз сари вақт иҷро нашудани барномаҳои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд изҳори ташвиш шудааст. Дар шумораи рақамҳои 144-145 аз 29-уми октябри соли равони «Садои мардум» барои хонандагон аз ифтитоҳи иншооти идона дар Ҳисори Шодмон ва муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи буҷети ҷумҳурӣ гузориши муфассалро пешкаш гардидааст. 
Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», ки шумораи дуюм аст бо тарҳи нав чоп мешавад, натиҷаҳои назарпурсӣ дар мавзӯи «Сабаби вайроншавии оилаҳо чист?»-ро барои хонандагон пешниҳод намудааст. Мақолаи «Саргузашти як нашъаманд» аз таърихи гирифтор шудани як ҷавон ба бемории наъшамандӣ нақл карда, дар интиҳои он таъкид шудааст, ки «Бемории нашъа одамизодро аз зиндагии осуда бенасиб мегардонад».
Нашрияи «Омӯзгор» таҳти рақами 44 аз 30-юми октябри соли равон Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нӯҳ моҳи соли 2015 ба нашр расонидааст. Идомаи мақолаи номзади илмҳои таърих А.Назаров «Ҷаҳонбинии илмӣ – алтернативаи хурофот» дар  ҳамин шумораи «Омӯзгор» чоп шудааст.
Рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар шумораи рақами 175 аз 28-уми октябри соли равон таҳти рубрикаи «Қазия» дар хусуси аз тарафи писари Муҳиддин Кабирӣ ба собиқ муовини вазири мудофиа А.Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) додани маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА гузориш чоп кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора мақолаи таҳлилии «Газпромнефт: Воқеиятро кӣ фош мекунад?» пешкаши хонандагон шудааст.
Ҳафтаномаи русзабони «AsiaPlus» дар шумораи рӯзи душанбе аз 26-уми октябри соли равон мушоҳидаҳои худро таҳти номи «Одами бад; панҷ навъи душанбегиҳо, ки аз онҳо бояд канорагирӣ кард» чоп кардааст. Ҳамчунин дар ин шумора фоторепортаж аз ҳаёти сокинони Душанбе дар солҳои 60-ум пешкаши хонандагон шудааст.
СССР – таҳти номи «8 ҳизби сиёсӣ чӣ лозим?» андешаҳои муаллифи худ Комрони Далерро чоп кардаааст. Муаллиф аз роҳбарон ва аъзои азҳоби сиёсии мамлакат даъват кардааст, ки: «биёед ба сафи ҳизбҳои халқӣ- демократӣ ва коммунистӣ дохил шавед».
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» суҳбати Масъуди Миршоҳиро таҳти сарлавҳаи «Тоҷикони хурофотӣ; ҳаққи муллоро бидеҳ, фатво медиҳад» пешкаши хонандагони худ кардааст, ки дар он чунин омадааст: «Хонаи худо бояд маҷҷонӣ бошад. Агар Худо дар биёбони араб нафтро фаровон кардааст, чаро Арабистони Саъудӣ намегӯяд, ки биёед хонаи Худоро бепул зиёрат кунед?».  Шумораи навбатии «Тоҷикистон» дар 24 саҳифа нашр шуда, чандин мақолаҳои ҷолибро барои хонандагон пешкаш кардааст.
«Нигоҳ» — нашрияи созмони ҷамъиятии «Индем» дар саҳифаи аввали худ бо номи «Се террорист» аксҳои М.Кабирӣ, А.Абдуллоҷонов ва Д.Атоуллоевро чоп карда, зери он аз дархости донишҷӯёни тоҷик иттилоъ додааст. Ҳамчунин суҳбати Фахриддини Холбек бо арбоби давлатии Афғонистон Сулаймон Лоиқ дар ҳамин шумораи «Нигоҳ» чоп шудааст.
Ҳафтаномаи ҳизбии «Минбари халқ» мусоҳиба бо Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон И.С.Лякин-Флоровро бо сарлавҳаи «Тоҷикистон шарики стратегии мост» нашр карда, ҳамчунин ахбору гузоришро аз ҳаёти ҳизбии ҲХДТ пешкаши хонандагон намудааст.

 

Октябрь 29, 2015 06:36

Хабарҳои дигари ин бахш

13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст