Ҳадафе, ки нопок аст, ошкор хоҳад шуд
Душанбе, 01.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 30 сентябр дар маҳаллаи Бунёдкорони ноҳияи Сино мулоқоти кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо занони ин маҳалла баргузор гардид. Дар баробари масъалаҳои гуногуни баррасишуда, дар он масъалаи ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф намудани ҲНИТ ва қатъи фаъолияти он дар қаламрави кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ҳаводиси рӯзҳои охир, ки латма ба оромии ҷомеа заданд, натиҷаи хиёнатпешагии нафаронест, ки бо ношукрӣ аз оромию субот, манфиатхоҳӣ, бозичаи дасти дигарон шудан ва миллату давлатро фурӯхтан мехостанд ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Доираи фаъолияти ин хиёнаткорон то ба дараҷае васеъ шуд, ки шахси оддӣ ангушти ҳайрат аз худхоҳию ҷоҳталабӣ ва хиёнатпешагию носипосии онҳо мегазад.
Эълон шудани ҳукми Суди Олии кишвар дар масъалаи ташкилоти экстремистӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва қатъи фаъолияти он дар ҳудуди кишвар амалест, ки подоши фаъолияташон аст. Ҳамагон шоҳид будем, ки онҳо дар давраҳои интихобот он қадар маблағҳое сарф мекунанд, ки ягон ҳизби дигар чунин имкониятро надошт. Ҳайрон мешудем, ки ин қадар маблағро онҳо аз куҷо пайдо мекунанд. Аз якдигар мепурсидем, ки оё давлат имконияти назорати фаъолияти онҳо ва манбаъҳои маблағгузориашонро надорад? Саволи дигар он буд, ки барои чӣ ин ҳизб аз номи ислом ин қадар сӯйистифода мекунад? Худи номи «наҳзати ислом»-ро бисёр андеша мекардем, ки барои чӣ «наҳзат». Агар маънои калимаи «наҳзат» эҳё бошад (аз рӯи тарҷумаи русии «возрождение»), магар дар Тоҷикистон ислом аз байн рафта буд, ки онро эҳё мекунанд? Акнун мефаҳмем, ки бо истифода аз ин ном бо эҳсоси мардум бозӣ мекардаанд.
Акнун маълум гашта истодааст, ки ин ҳама намоишкориҳо баҳри чӣ ва аз кадом ҳисоб будааст. Масали русии «панири бепул дар қапқон» бори дигар собит гашт. Амалҳои ҷинояткорона, сар карда аз бадахлоқиҳои роҳбарияту аъзои он, то таъсиси гурӯҳҳои муташаккили ҷиноию талош баҳри ноором кардани кишвар рӯҳияи мо занону модаронро бисёр озурда намуд. Озурда аз он ҳастем, ки ашки поккардаи модари тоҷикро, ки аз марги фарзанди ғӯрамарги худ дар натиҷаи ҷанги бемаънии дохилӣ рехта буд, боз равон карданд. Боз фарзандони онҳоро ятим ва ҳамсарони онҳоро сиёҳбахт карданд. Озурда аз он ҳастем, ки ин афрод фаромӯш кардаанд, ки фарзанди ҳамин сарзамин буда, онҳоро низ модари тоҷик зодааст.
Сабақи таърих борҳо нишон додааст, ки тақсими ҳокимият падару писар ва бародарони хуниро ба муқобили ҳам шӯронидааст. Вале Сарвари давлати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар хилофи ин амал рафтор карда, мухолифини худро аз кишварҳои ҳамсоя ҷамъ оварда, аз азоби мусофирию ғарибӣ наҷот дода, ба Ватан баргардонд. Ҳокимияти сиёсиро бо онҳо тақсим намуд, имконият дод, то ҳар нерую қуввате, ки дошта бошанд, барои ободии кишвар ва таҳкими сулҳу субот сарф намоянд. Аммо афсӯс. Афсӯс, ки хислати каждум аз таваллуд асту ӯ ҳеҷ гоҳ аз ин амали худ даст намекашидааст. Новобаста ба оне, ки мавҷудияти омили динӣ дар ҷанги шаҳрвандии мо ошкор буд ва роҳбарони онвақтаи ин ҳизби экстремистӣ ҳамон вақт чеҳраи аслии худро нишон дода буданд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Ҷаноби Олӣ бо ҳиммати мардонаи худ онҳоро бахшид. Имконият дод. то хатои худро эҳсос намоянд. Вале муддати он қадар тӯлоние нагузашта, боз даст ба хиёнат заданд. Аз ин маълум мешавад, ки он идеологияе, ки ҷавҳари онро экстремизм ташкил медиҳад, ҳаргиз аз мақсадҳои нопоки худ даст намекашидааст. Имрӯз ошкор гашт, онҳое, ки худро ба ном «наҳзатӣ» эълон медоштанд, дар амал ба чӣ корҳое даст назадаанд.
Ҳукми Суди Олии мамлакат одилона буда, баҳри таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишвар мусоидат хоҳад намуд, — таъкид намуданд зимни мулоқот занони маҳаллаи Бунёдкорони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






