«Agrofood-2015»- имконияти хуб барои ҳамкорӣ

Октябрь 10, 2015 07:44

Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Намоишгоҳи  сеюми  байналмилалии кишоварзию хӯрокворӣ,  саноатӣ  ва  бастабандии «Agrofood-2015», ки бахшида ба Рӯзи соҳибкорон гузаронида мешавад, имконияти хубро барои соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонон фароҳам меорад»,-гуфт зимни нишасти хабарӣ Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон имрӯз, 10 октябр. 
Ба гуфтаи ӯ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо «Expo Central Asia» 14 —  16  октябр  дар  Маҷмааи давлатии «Коҳи  Борбад» — и  шаҳри  Душанбе ба намоишгоҳи мазкур ҳусни оғоз мебахшад, ки  дар он зиёда аз 60 ширкати истеҳсолӣ аз 15 кишвари дунё иштирок мекунанд.
Директори ширкати «Expo Central Asia» Маҳмуд Эр аз дастовардҳо ва имкониятҳои ширкат сухан гуфта, зикр дошт, ки  дар намоишгоҳ асосан маҳсулотҳои кишоварзию хӯрокворӣ, ки мо дар ҷамъ онро Agrofood- номгузорӣ кардем, ба намоиш гузошта мешаванд.
Бино ба иттилои  мавсуф, дар намоишгоҳи мазкур техникаю  таҷҳизоти  кишоварзӣ, тухмию  ниҳол,  технологияҳои обёрӣ, маҳсулоти  боғдорию  гулпарварӣ ва таҷҳизоти  мухталиф, ҳамчунин маҳсулоти  ширӣ,  моҳӣ, сабзавот, мева,  консерв, нону  кулча,  маснуоти  қаннодӣ,  шарбатҳои гуногун  ва таҷҳизоти  таббохӣ  низ  ба маъраз гузошта  мешаванд.
-Барои ин намоиши байналмилалӣ ширкат беш аз 6 моҳ корҳои ташвиқотӣ гузаронидааст, ки беш аз 40 ҳазор муштариву соҳибкор аз тамоми гӯшаи дунё, ки намояндагии худро дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла дар Тоҷикистон доранд, барои ин чорабинии муҳим бо мо тамос гирифтанд, афзуд Маҳмуд Эр. 
Ҳамчунин ӯ гуфт, ки дар намоиш ба ғайр аз кишварҳои иштирокдор соҳибкорон ё ширкатҳои даъватшуда низ иштирок мекунанд, ки ин барои боз ҳам рушд додани доираҳои соҳибкорӣ дар минтақа мусоидат мекунад.
Маҳмуд Эр, директори ширкати «Expo Central Asia» аз намоиши мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр дошт, ки дар оянда тасмим доранд, ҳамкориро бо Тоҷикистон тақвият бахшида, намоишҳоро дар соҳаҳои сохтмонӣ, туризм ва тандурустӣ доир намоянд.
Намоишгоҳ аз 14 то 16-уми октябр идома ёфта, дар доираи он форуму симпозиум ва мулоқоти дуҷониба миёни соҳибкорон дар назар дошта шудааст. 
Ёдовар  мешавем, ки «Expo Central Asia» созмондиҳандаи  бонуфузи намоишгоҳҳои  байналмилалӣ  буда, аз  соли  2010 бо  Тоҷикистон  ҳамкорӣ дорад.

 

 

Октябрь 10, 2015 07:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад