Ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ кафили ояндаи равшани мост

Октябрь 10, 2015 05:54

Душанбе, 10.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Баъди он ки, Додгоҳи олии Тоҷикистон рўзи 29 сентябр бо дархости Прокуратураи генералӣ ҲНИТ-ро ҳизби экстремистӣ эълон карда, фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон кард, дар ҷомеа пурсишҳо дар мавриди тақдири ояндаи аъзои қатории ин ҳизб пайдо шуданд. Баъзе шахсиятҳо ва гурӯҳҳо дар фазои маҷозии интернет аз фурсат истифода бурда, мехостанд дар дили мардум тарс ҷой кунанд ва аз ноилоҷии онҳо истифода бурда, онҳоро ба манфиати худ истифода баранд. Аммо маълум мешавад, ки мардуми таҷрибадидаи мо ба ин фитнаҳо дода намешаванд. Ахиран ВКД хабар дод, ки вақтҳои охир муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилӣ зиёд шудааст, ки дар мавриди тақдири минбаъдаи собиқ аъзои ҲНИТ маълумот гирифтан мехостанд. Мехостанд бидонанд, ки онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё не. 
Дар изҳороти ВКД омадааст, ки  шахсони ихтиёран аз узвияти ин ҳизб баромада ва баъди манъ кардани фаъолияти ҳизб ҳамкориро бо он қатъ намудаанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кирдори онҳо таркиби ҷиноят дида намешавад, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Ва аз онҳое, ки то кунун ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи  аъзои ин ҳизб буданро доранд, дархост кардааст, ки ин ҳуҷҷатҳоро ба сохторҳои вилоятию шаҳру ноҳиявии Вазорати адлия ва ҳифзи ҳуқуқ оварда, бо пешниҳоди ариза супоранд.
Маврид ба зикр аст, ки аъзои қатории ин ҳизб баъди расман ва дар асоси қонун ба фаъолият шуруъ кардани ҲНИТ ба он пайвастаанд ва дар пайвастани онҳо ба як ҳизби расмӣ ҷинояте буда наметавонад. Акнун баъди мамнуъ эълон кардани фаъолияти ин ҳизб бо ҳамон масъулияти баланди меҳандӯстии хеш, агар дархости ВКД-ро иҷро карда, сари вақт ҳуҷҷатҳоро бо аризаи худ супурда, расман аз ҳамкорӣ бо он даст кашанд, ин гувоҳи он мешавад, ки онҳо аз доираи қонун берун нарафтаанд ва нахоҳанд рафт. Дар натиҷа ягон пайгирӣ аз ҷониби мақомот ва ягон фишор аз касе ба онҳо намерасад. Ин бештар ба сокинони Душанбешаҳр дахл дорад, чунки тибқи изҳороти Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи августи соли 2015 шуъбаҳои ноҳиявии ҲНИТ фаъолияти худро қатъ карда буданд. Ин маънои онро дорад, ки мақомот расман эътироф кардаанд дар ноҳияҳо пеш аз мамнуияти ҲНИТ аъзои он вуҷуд надошт. Мутаносибан ҳеҷ аъзои собиқи ин ҳизб дар ноҳияҳо наметавонад мавриди пайгирӣ қарор гирад. Ба шарте ки аз рӯи қоидаҳои нав амал карда, сари вақт дархости мақомотро иҷро кунанд. 
Ҳамин тариқ, собиқ аъзои ҲНИТ ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи Тоҷикистон ба ягон ҷавобгарӣ кашида намешаванд, балки озодона метавонанд аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода бурда, ба 7 ҳизби қонунии боқимондаи кишвар пайваст шаванд ва дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолона иштирок карда, идеяҳо ва нақшаҳои миллатсоз ва ватансозии хешро амалӣ намоянд. ҲНИТ яке аз саҳифаҳои қонунии зиндагии онҳо буд ва имрўз ки мамнӯъ шудааст, имкон доранд дар ҳамкорӣ бо дигар ҳизбҳои расмии кишвар дар сохтмони ояндаи ватан саҳми худро гузоранд ва фаъолияти сиёсии худро ба роҳ монанд.
Ихтиёран ва сари вақт супоридани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи аъзои ҳизб аз тарафи собиқ аъзои ҲНИТ на танҳо ба манфиати худи онҳост, балки ба манфиати миллат ва давлат низ ҳаст, чунки душманони дар камин буда имконияти фитна андохтанро аз даст медиҳанд ва суботу оромии ҷомеа таъмин гардида, раванди рушду созандагӣ дар ватан халалдор намегардад. Дар ҷаҳони имрўза, ки рақобати абарқудратҳо ба авҷи аълои худ расидааст, ҳар як қадами нодурусти мо сабаби дастдарозии онҳо ба кишвари мо шуда метавонад. Дар ҷараёни ин муборизаву рақобати худ барои расидан ба ҳадафҳои геополитикияшон абарқудратҳо ба ҳеҷ кас раҳм намекунанд. Ҳодисаҳои Сурия, Ливия, Афѓонистон ва Украина далели ин гуфтаҳост. Дар ин кишварҳо оташи ҷанг кӯдаку наврас, ҷавону пир, модару фарзандро ба коми худ кашида, шаҳрҳои бутунро ба харобазор табдил додааст. Иқтисоди ин кишварҳо миллиардҳо зарар дида, даҳсолаҳо ақиб мондааст.
Бинобар ин, дар вазъияти баамаломада умед ва бовари мо бар он аст, ки собиқ аъзои ҲНИТ бо дарки амиқи масъулияти ватандорӣ расман аз ҳамкорӣ бо ин ҳизб даст мекашанд ва ба дигар ҳизбҳои расмӣ пайваста, дар раванди созандагии ватани азизамон фаъолона иштирок мекунанд. Мақомоти дахлдори давлатӣ дар навбати худ ба онҳо дар ин гузариш дастгирии ҳамаҷонибаи худро расонида, шароити мувофиқро барои фаъолияти қонунии минбаъдаашон дар ҳизбҳои боқимондаи кишвар таъмин мекунанд. Ин ҳамкориву ҳамбастагӣ боиси рушди муназзами ватани мо мешавад. 
Танҳо бо ҳамин ҳамбастагӣ ва ҳамкории зич дар дунёи имрўза метавон ислоҳоти дурусти созанда гузаронд, ки дар навбати худ иқтисоди мо рақобатпазир гашта, имкони ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мо пайдо мегардад ва иншоотҳои ҳаётан муҳими миллати мо ба истифода дода мешаванд. Танҳо фаъолияти созанда дар фазои сулҳу субот аст, ки зиндагии беҳтар ва амнтареро барои фарзандони мо дар оянда таъмин месозад.

Меҳр Собириён
Маркази омўзиши раванҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ

Октябрь 10, 2015 05:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд