Ҷамъоварии ҳосили ғалладона муташаккилона идома дорад
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 324 ҳазору 194 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида шудааст, ки то 2 октябр майдони 297 ҳазору 542 гектари он даравида шудааст.
Тавре ки аз Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, то имрўз майдони 295 ҳазору 420 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳазору 878 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо 791 ҳазору 507 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ҳазору 102 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 26,8 сентнериро ташкил медиҳад.
Кишоварзони вилояти Хатлон имсол дар майдони 143 ҳазору 337 гектар кишти ғалладонагӣ гузаронидаанд. То 2 октябр майдони 141 ҳазору 359 гектари он даравида шудааст ва то санаи мазкур 141 ҳазору 351 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2625 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо дар вилояти Хатлон 472 ҳазору 970 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 15 ҳазору 851 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 33,5 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Суғд низ ҷамъоварии ҳосили ғалладона муташаккилона идома дорад. Кишоварзони вилоят дар майдони 112 ҳазору 765 гектар кишт гузаронидаанд, ки то 02.10.2015 майдони 92 ҳазору 287 гектари он даравида шудааст. То ин муддат 92 ҳазору 222 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазору 429 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ғалладона дар вилояти Суғд 164 ҳазору 657 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 52 ҳазору 407 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 17,9 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Бадахшон соли ҷорӣ дар майдони 6217 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуда, 6173 гектари он даравида шуда, 4550 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 50 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо дар вилоят 8787 тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 169 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 19,3 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ соли равон дар майдони 61 ҳазору 875 гектар кишти ғалладона гузаронида шудааст. Имрўзҳо майдони 57 723 гектари он даравида шуда, 57 ҳазору 297 гектари он кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3226 гектар кам мебошад. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо дар ноҳияҳои тобеи марказ 145 ҳазору 093 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 5325 тонна кам мебошад ва ҳосилнокӣ аз аз ҳар гектар 25,3 сентнериро ташкил медиҳад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






