Ҷангиёни ДИ дар Сурия қувваҳои худро дар хатти ҷабҳа мустаҳкам карданианд
Душанбе, 13.10.15. (АМИТ «Ховар»). Ҷангиёни ДИ дар Сурия барои таҳким бахшидани қувваҳояшон дар хатти ҷабҳа кӯшиши зиёдеро ба харҷ медиҳанд. Дар натиҷаи зарбаҳои қувваҳои ҳавоии кайҳонии ФР қисми зиёди аслиҳа ва лавозимоти ҳарбии онҳо нест карда шудааст. Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Русия Игор Конашенков, ҳавопаймоҳои қиркунандаю бомбаандози Су 34 аз ҳайати гурӯҳи авиатсионии Қувваҳои ҳавоии кайҳонии ФР дар музофоти Идлиби Сурия маркази тарбияи ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» — ро нест карданд.
«Ҳавопаймоҳои бомбаандози Су 34 маркази ҷангиён воқеъ дар канори шаҳри Мастумаи музофоти Идлибро бомбаборон карданд. «Давлати исломӣ» маркази мазкурро чун бунгоҳи силоҳбадастоне, ки аз кишварҳои дигар омадаанд, истифода мекард», — гуфт номбурда.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






