АНМН: Баррасии мунсифонаи нӯҳ моҳи фаъолият

Октябрь 12, 2015 04:12

Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- 10 октябри соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2015 бо иштироки директори агентӣ Рустам Назарзода доир гардид. 
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хизматии агентӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ оид ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорат аз болои гардиши қонунии он ва пешгирии нашъамандӣ, гузаронидани амалиёти муштарак ва машқҳои минтақавӣ, мустаҳкам намудани ҳамкории байналмиллалӣ муҳокима гардиданд. Зикр  шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ агентӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва ҳамкории байналмилалӣ корҳои муайянеро анҷом дод.
Ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои дастгоҳи марказии агентӣ ва раёсатҳои минтақавии он шунида шуд.  
Камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кори ҷузъу томҳои таҳлилии Агентӣ таҳлил ва муҳикима шуда, барои бартараф намудани онҳо, инчунин баҳри иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ вазифаҳои мушаххас дода шуданд. 
Ба диққати роҳбарони ҷузъу томҳои агентӣ як зумра камбудиҳо ва норасоиҳо дар ташкили санҷиши нозиротӣ, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки робитаҳои байнидавлатӣ доранд, расонида  ва пешниҳодҳо оид ба бартараф намудани норасоиҳои номбаршуда пешкаш шуданд.
Омилҳо ва шароитҳое, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хислатҳои коррупсионӣ мусоидат намудаанд, таҳлил ва баррасӣ гардиданд. 6  команди агентӣ ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд, аз ҷумла муовини сардори Раёсати Агентӣ аз вазифа озод карда шуд. 

Октябрь 12, 2015 04:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст