Авиатсияи Русия 8 иншооти «Давлати исломӣ» — ро нест кард

Октябрь 2, 2015 05:35

Душанбе, 02.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Авиатсияи  Русия  8 иншооти  гурӯҳи  террористии  «Давлати  исломӣ»  дар  Сурияро нест  кард.
«Ҳавопаймоҳо  барои  анҷоми амалиёти  ҳарбӣ қариб 20  маротиба  парвоз  карданд. Бар  асари бомбаборон анборҳои  лавозимоти  ҳарбӣ,  аслиҳа, маводи  сӯхт ва рӯғаниёт, ҳамчунин  техникаи  ҳарбӣ  аз байн  бурда, бунгоҳҳои фармондеҳони идораи ҷузъу  томҳои  силоҳбадастони  ДИИШ  воқеъ  дар  кӯҳсор  пурра   нест  карда  шуданд. Мехоҳам  қайд  намоям, ки   ҳамаи  зарбаҳои  хавоӣ баъди  роҳандозии иктишофоти  ҳавоӣ ва аниқ  намудани  маълумоти   ситоди  артиши  Сурия сурат  гирифтанд. Аслиҳаи  хавопаймоҳои  Русия дар иншоотҳои  инфрасохторҳои шаҳрвандӣ ва  наздик ба онҳо  мавриди  истифода  қарор  нагирифтаанд», — хабар  дод  намояндаи  расмии  Вазорати  мудофиаи  Русия Игор Конашенков.

Октябрь 2, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст