Барои гузаронидани аудити экологӣ доштани иҷозатнома ҳатмист

Октябрь 12, 2015 05:47

 Душанбе, 12.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» илова ворид намуд.
Шамс Назаров -муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Парлумон гуфт, ки ҳадафи пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ворид намудани тағйироти зарурӣ оид ба таъмини иҷрои талаботи моддаи 8- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ»  барои додани иҷозатнома оид ба ҳуқуқи гузаронидани аудити экологист. Яъне, минбаъд дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани аудити экологӣ ташкилот бояд иҷозатнома дошта бошанд. Масъули  додани иҷозатнома Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.  
   Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» принсипҳо ва тартиби гузаронидани аудити экологиро дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ ва дигар намудани фаъолият ба муҳити зист, ҳаёт  ва саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

Октябрь 12, 2015 05:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст