Баррасии масоили зимистонгузаронӣ дар вилояти Суғд бо ҳузури Азим Иброҳим

Октябрь 14, 2015 05:10

Душанбе, 14.10.2015. (АМИТ «Ховар») .- 12 октябри соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд дар ҳузури муовини Сарвазир Азим Иброҳим, бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ситоди сайёри ҷумҳуриявӣ, оид ба натиҷагирӣ аз ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016» баргузор гардид.
Оид ба ҷараёни омодагиҳои вилоят ба давраи зимистони солҳои 2015-2016 раиси Ситоди вилоятӣ оид ба масъалаҳои зимистонгузаронӣ Файзуллозода Заробиддин, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрў Ҷабборзода, муовини вазири тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров, намояндагони Вазорати маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, мудофиа,  Агентии таъминоти амволи махсус, ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳисобот доданд. 
Мутобиқи маълумоти пешниҳодгардида нақшаи  чорабиниҳои қаблан тасдиқгардида барои нигоҳдорӣ ва рушди  соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят пурра иҷро гардиданд. Ин нишондиҳандаҳо дар ҳоле мебошанд, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ то 1 октябри соли чорӣ тақрибан 70%-ро ташкил медиҳад. Соҳаи маориф, ки талаботи он 9580 тонна ангишт ва 6736 метри мукааб ҳезум мебошад, мутаносибан 114,5 ва 109% таъмин гардидааст. Барои нигохдории соҳаи тандурустӣ бошад 3044 тонна ангишт ва 1356 метри мукаааб ҳезум захира шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба нақшаи пешбинишуда мутаносибан 110,0 ва 124%-ро ташкил мекунанд. 
Мавриди зикр аст, ки дар раванди самаранок истифода намудани маблағҳои буҷавӣ иқдоми роҳбарияти вилоят оид ба мутамарказ намудани хариди ангишт самараи нек бахшида, ташкилоту муассисаҳо тавонистанд ангиштро бо нархи арзон дастрас намоянд ва аз ин ҳисоб дар буҷаи вилоят маблағи муайянро сарфа намоянд. 
Маводи зиддилағзиш ба қадри кифоя захира гардида, аз 6 агрегати неругоҳи барқии «Қайроққум» 5- тои он ба мавсим омода мебошанд. Ҳоло 50 дарсади нақшаи захираи маводи кишоварзӣ барои нигоҳдорӣ дар сардхонаҳо иҷро гардидааст. То имрӯз 468 муассисаи таълимӣ ва 130 муассисаи тиббӣ бо барқи озод таъмин гардидаанд.
Муовини Сарвазир аз нишондиҳандаҳои омодагии вилоят ба зимистонгузаронӣ дар маҷмӯъ изҳори каноатмандӣ намуда, ба масъулини соҳаҳои хоҷагии халқ чунин таъкид намуд:
1. Вобаста ба сохторҳои низомӣ. Ангишту хезум, умуман  сӯзишворӣ таъмин шудааст, вале захираи маводи хўрокӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, орд, равған ҳоло ҳам пурра иҷро нагардидааст. Аз ин лиҳоз ба Агентии таъминоти амволи махсус супориш дода шуд, ки ҷиҳати баратараф намудани мушкилоти мавҷуда дар муҳлатҳои кўтоҳтарин тадбир андешанд. 
2. Ҳар сол дар бораи дегхонаҳо маълумоти оморӣ пешниҳод мегардад, вале бо сабаби набудани мазут, гарчанде дегхонаҳо омода бошанд ҳам, аз онҳо фоидае нест. Аз ин лиҳоз иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, чиҳати  ба ангишт гузаронидани дегхонаҳо саривактӣ буда, қисман ҳалли масъала буда метавонад.
 3. Таҳлили маводи Гурӯҳи корӣ нишон медиҳад, ки дар маълумоти оморӣ ба саҳву хато ё маълумоти носаҳеҳ роҳ дода мешавад. Масалан шишабандӣ дар ноҳияҳои Спитамен ва Ҷ. Расулов  ба андозаи 381,8 м2 ва 76,8 м2 нишон дода шудааст, ки то ин дараҷа дақиқ иҷро намудани уҳдадории масъулин дар ноҳияҳо зери суол мебошад. 
4. Истеҳсоли неруи барқи вилоят дар давоми 9 моҳи соли равон ба 471,4 млн. кВт баробар мебошад, аммо талафоти неруи барқи вилоят 14,3% ё ин ки 412,5 миллион кВт-ро ташкил мекунад, яъне қариб ки истеҳсоли барқи як неругоҳи бузург баробар ба талафоти барқ дар вилоят мебошад. 
5. Талаботи хўроки ширадор дар вилоят ҳамагӣ дар сатҳи 40% таъмин  гардидааст. Вобаста ба ин Раёсати кишоварзии вилоят вазифадор шуд, ки ҷиҳати захира намудани хўроки ширадор тадбирҳои зарурӣ андешад. 
 Ҳамчунин Азим Иброҳим дар мавриди захира кардани ангишт таъкид намуд, ки пеш аз ҳама ба сифати он аҳамият дода шавад, чунки ба муҳлати зиёд нигоҳ доштани ангишт дар анборҳо ба сифати гармидиҳии он таъсири манфӣ мерасонад. 
Муовини Сарвазири мамлакат ба шахсони мутасаддии вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, дастур дод, ки ҷиҳати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта дар самти зимистонгузаронии хоҷагии халқи вилоят сари вақт мусоидат намоянд.

Октябрь 14, 2015 05:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Гурӯҳи корӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Деҳободи ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ ва коргоҳу корхонаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи «Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ» таҳия карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
Замони баргузории Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии шаҳри Панҷакент муайян шуд
Байни мутахассисони самти бехатарии радиатсионӣ ва муҳити экологии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳамкорӣ таҳким меёбад
Талафоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба 16,9 фоиз расидааст. Бардошт аз ҷаласаи гурӯҳи корӣ таҳти раëсати муовини Сарвазири Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
РОҲИ ПЕШГИРИФТАИ ТОҶИКИСТОН ДУРУСТ АСТ! Мошинҳои барқӣ аз лиҳози экологӣ тозатарин навъи нақлиёт дар ҷаҳон эътироф шудаанд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳияи Кӯшониён ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
Дар Панҷакент ниммарафони экологии кӯҳии «Seven Lakes» доир мегардад