Боз як амалиёти зидди силоҳбадастони «Давлати исломӣ» дар Нангарҳор

Октябрь 6, 2015 06:05

Душанбе, 06.10.15. (АМИТ «Ховар»).  Чанде  пеш дар  вилояти  Нангарҳори Афғонистон  амалиёти навбатӣ   барои рафъи хавфу  хатари гурӯҳи  «Давлати  исломӣ» роҳандозӣ  шуд.
Дар  вулусволии Ачин, ки чанде  пеш дучори ҳамлаҳои ДИ  гардида  буд, 7 нафар  силоҳбадастон  кушта, 8 нафари онҳо  захмӣ  шуданд,   хабар  медиҳад Агентии иттилоотии «Хома пресс».
Ҳамзамон  дар  вулусволии Батикот 6  нафар  сокинони вулусволии  Ачин  ҳабс  шуда,  аз  онҳо 2  автомати  Калашников, як  мина  ва асбоби  мухобира  мусодира  гардид. 

 

Октябрь 6, 2015 06:05

Хабарҳои дигари ин бахш