Чаро номҳои тоҷикиро бо номҳои арабӣ иваз мекунем?

Октябрь 26, 2015 03:56

Душанбе, 26.10.2015 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар ҷомеа як раванди арабикунонии номҳо идома дорад, ки ба андешаи коршиносон ин раванд оқибати на он қадар хуб ба бор меорад. Саволи мушаххас ин аст, ки чаро қисме аз мардум кӯшиш доранд  номҳои тоҷикиро ба номҳои арабӣ иваз кунанд? 

Саъдӣ Маҳдӣ, коршиноси масоили динӣ:

«Ҳамин гуна як ақидаи нодуруст ҷой дорад, ки аз тарафи руҳониёни тоҷик  номҳое, аз қабили Ҷамшеду Хуршед, Фаридун исмҳои ғайришариатӣ унвон гирифтаанд.  Вале ман  бо қотеият мегӯям, ки фикри ин руҳониён нодуруст аст. Аз кадом нуқтаи назар? Онҳо такя мекунанд ба ҳадиси пайғамбар, ки дар он омадааст: «беҳтарини номҳо Абдуллоҳ ва Абдурраҳмонанд». Худи ҳамин сухан ҳеҷ гоҳ номҳои миллиро инкор намекунад. Ин таъкиди пайғамбар аст ва мо ин гапро рад намекунем. Бигзор номҳои Абдураҳмону Абдуллоҳ бошанд, аммо набояд исмҳои Ҷамшеду Хуршед ва ин қабил номҳои тоҷикӣ ба номҳои арабӣ гардонида шаванд. Ин гуна далеле ҷой надорад, ки пайғамбар номҳои ягон қавмро рад карда бошанд .«Барои чӣ Муҳаммад (с) номи Абдуллоҳро манъ накард! Барои он ки ин ном маъно дорад. Ҳеҷ гоҳ номи арабиро надониста, кӯр-кӯрона ба фарзанд гузоштан дуруст нест. Он гунае, ки номи Роҳиларо мегузоранд, ки ӯ завҷаи пайғамбар буд  ва маънии номаш шахси савора аст. Ё ин ки Асвад, ки сиёҳтарин шахсро мегӯянд. Инчунин Соҳира, ки маънии ҷодугарро дорад, ки мутаассифона,  ба хотири арабӣ буданаш  онро мегузоранд. Бояд ба мардум талқин намуд, ки номи бадро ба фарзанд нагузоранд. Бигузор номҳои тоҷикӣ, аз қабили Манижа, Рудоба, Судоба, ки бисёр маънии зебо дошта, фарҳанги миллиро дар худ таҷассум мекунанд, гузошта шаванд.   

  Яъне, вақте худро инкор мекунӣ, аз куҷо мусалмон ҳастӣ? Аввал асли худро шинос, баъд Худоро мешиносӣ. Худро нашинохта, ҳеҷ гоҳ Худоро шинохтан нашояд. Мо номҳои тоҷикиро инкор мекунем, гӯё мусалмон бошем, ки ин аз нуқтаи назари худшиносӣ норавост. Ман ба он ақидае, ки ном шахсро ба биҳишт мебарад, розӣ шуда наметавонам, зеро Худованд дар Қуръон 33 маротиба ҷумлаи  «онҳое, ки имон овардаанд ва амалҳои нек кардаанд, ба биҳишт дохил мешаванд»-ро такрор ба такрор зикр намудааст.  

Баҳриддин Камолиддинов, профессор, забоншинос:

«Забони арабӣ дар як марҳалаи инкишофи худ забони илм, забони маърифат, забони адабиёт, забони шеър гардид ва ба забони мо бисёр калимаҳоро ворид намуд. Ба ин маънӣ хазинаи луғавии мо аз ин калимаҳо бой гардид. Гузоштани номҳо аз он давра шурӯъ шуд . Лекин ифтихори миллӣ моро намегузорад, ки аз баҳри номҳои қадимии форсии дарии тоҷикӣ гузарем. Барои мо ин номҳо азизанд, ин номҳои гузаштагони мо қаҳрамонҳои таърихии моянд, чӣ хел аз ин номҳо мо ба осонӣ мегузарему  гузаштанӣ ҳам нестем». 

Домулло Исмоил Пирмуҳаммадзода, руҳонии тоҷик:

«Писари калонии ман Рустам ном дорад, ки бисёриҳо ба ин ном зиданд.  Одам пеш аз оне, ки ба гуфтаи касе амал мекунад, бояд бо худ як бор машварат кунад ва ақли худро кор фармояд. 
Ҷаноби пайғамбар ҳеҷ гоҳ номҳои қавмию миллиро манъ накардааст. Номҳоеро, ки мафҳуми ақидавию зиддидинӣ намедоштанд, ҳеҷ гоҳ манъ намекарданд. Пайғамбар номҳои хубро меписандиданд, ки ин чизро таърих барои мо исбот мекунад. Нафаре назди пайғамбар омад ва пайғамбар ӯро пурсид, ки номат чист? Гуфт, ки Суҳайл ном дорам. Ба пайғамбар номи ӯ бисёр писанд омад ва гуфт, ки Суҳайл ситораи дурахшонро мегӯянд. 
Ман аз нафароне дар ҳайратам, ки чаро исми зебои мардонаи  Ҷамшедро мегардонанд, ки маънои равшаниро дорад.  Инчунин номҳое, ки аз «Шоҳнома»-и  Фирдавсӣ мегузорем,  ба монанди Бежан, Манижа, ки бисёр зебо ва шевоянд».

Саодатшо Мотрубиён,  муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот:

 «Номҳои арабӣ ба ҳама маълуманд, ки баъд аз ҳуҷуми арабҳо ҷорӣ шуда буданд. Аз ҷумла, дар асрҳои 9-10 ин падида бисёр бо шиддат давом мекард ва чун сиёсати он давр буд, мардумро маҷбур мекарданд, ки аз номҳои аслии худ даст кашанду рӯ оранд ба номҳои арабӣ. Таъсири ҳамон чиз то ба имрўз расидааст, яъне имрўз мардум ба ин чиз такя мекунанду номҳои арабиро бештар дастгирӣ мекунанд. Ном- ин ними ҳусн аст, бинобар ин исми зебои миллӣ ба инсон ҳусни дигаре зам мекунад. Имрӯз як раванди хеле хуб аст, ки аллакай мардум аксарашон ин нозукиро дарк кардаанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба фарзанд номи зебои тоҷикӣ гузоранд, чунки номҳои тоҷикӣ хушоҳанганд. Масалан бинед, ки номҳои Рустам, Таҳмина Сӯҳроб, ки аз «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузург гирифта шудаанд, бисёр зебоянд. Имрўз Кумитаи забон ва истилоҳот низ дар таҳияи фарҳанги номнома кӯшида истодааст ва то охирҳои соли равон мо талош мекунем, ки ин китоб ба дасти мардум расад. Дар ин китоб бештар номҳои таърихии тоҷикӣ оварда шудаанд». 

Зиёвиддин Шоев, мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ:

«Номгузорӣ ба фарзанд яке аз анъанаҳоест, ки аз қадимулайём дар фарҳанги милливу динии тоҷик  вуҷуд дорад. Аслан ақида дар бораи он, ки ном барои сарнавишти инсон пас аз даргузашти ӯ таъсире мерасонда бошад, хурофотӣ аст ва дар сарчашмаҳои исломӣ дар  ин бора таъйиноти мушаххасе вуҷуд надорад. Фарҳанги номгузории халқи тоҷик  таърихи қабл аз исломӣ дорад. Бинобар ин паҳн кардани чунин ақидае, ки  гӯё ном боиси ба биҳишт рафтани инсон мегардад, аслан дуруст нест. Аз ин хотир ба ин ақидаи беасос дода шудану аз баҳри номҳои зебои тоҷикона баромадан худ як ҷурм аст». 
 

Октябрь 26, 2015 03:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид