Чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ бо ҳайати шахсии комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ
Душанбе, 12.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон бо хизматчиёни ҳарбӣ дар ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритус ва Восеъ тибқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» вохӯриҳои зиддинашъамандӣ гузарониданд.
Дар чорабиниҳои мазкур намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндаи прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа иштирок намуданд. Ба иштирокчиёни чорабиниҳо намояндагони агентӣ оид ба амалӣ намудани Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, истифодаи ғайритиббии он ва пешгирии нашъамандӣ, таъмини волоияти қонун ва пешгирии ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Муовини комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон оид ба ахлоқи ҳамидаи афсарон ва сарбозон, ҷиноятҳое, ки аз тарафи афсарон ва сарбозони қисмҳои ҳарбии гарнизони Хатлон содир гардидаанд, сухан гуфт.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






