Дар ҷануби Алеппо роҳбари гурӯҳи ифротгароён кушта шуд
Душанбе, 20.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Амалиёти муваффақонаи қӯшунҳои Сурия барои озод намудани минтақаҳои ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбии шаҳри Алеппо, ки онҳоро дастаҳои ифротгароён ишғол намуда буданд, идома дорад.
Тавре ки шабакаи телевизионии «Ал — Маёдин» хабар дод, рӯзи душанбе ҷанговарони артиши Сурия душманро аз ҳашт деҳа берун карда, теппаҳои стратегии Маҳрукат ва Снобуратро ишғол намуданд. Дар ҷараёни амалиёт роҳбари гурӯҳи муҳоҷидони «Дастаи Нуриддин аз — Зенни» — и Насиф Исмоил нест карда шуд.
Дар самти шарқӣ қувваҳои ҳукуматӣ сӯи фурудгоҳи низомии Квейрас, ки онро дастаҳои «Давлати исломӣ» иҳота намудаанд, пеш мераванд.
Дар музофоти Ҳома (220 километрии Димишқ) қисмҳои артиш ва дастаҳои ихтиёриён ба шаҳрҳои Ал -Мансуру ва Тел — Васат ҳамла меоранд. Қаблан ҳавопаймоҳои Русия ва Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Сурия ин мавқеъҳоро оташборон карда буданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






