Дар Ироқ бар асари ҳамлаҳои ифротӣ 27 нафар фавтид

Октябрь 10, 2015 04:42

Душанбе, 10.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи ҳамлаҳои пайдарҳам дар шаҳри Баъқубаи Ироқ 27 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин бора расонаҳои хабарӣ бо такя ба маълумоти кормандони мақомоти полис ва соҳаи тандурустии Ироқ хабар медиҳанд. 
Ҷинояткорон шаҳрро бо истифода аз силоҳи вазнини ҷангӣ тирборон намудаанд. Масъулияти ҳамларо ягон нафар бар уҳда нагирифтааст. Дар давоми солҳои ахир дар Ироқ гурӯҳҳои ифротгаро бештар фаъол гардида, пайваста даст ба амалҳои террористӣ мезананд.

 

Октябрь 10, 2015 04:42

Хабарҳои дигари ин бахш