Дар ноҳияи Б. Ғафуров зиёда аз 4 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил шудааст

Октябрь 15, 2015 04:23

Душанбе, 15.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-   Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ 4104  хоҷагии нави деҳқонӣ ташкил  шуд.
Тавре ки  аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ хабар доданд, ҳоло кишоварзони ноҳия машғули ҳосилғундорӣ ҳастанд. То ин дам кишоварзони ин ноҳияи калонтарини вилоят ба миқдори 26 019 тонна ғалла, 78 334 тонна сабзавот, 3902 тонна картошка, 3614,5 тонна меваҷот, 7216 тонна ангур, 21 931 тонна хӯроки чорво ҷамъоварӣ намудаанд.

Октябрь 15, 2015 04:23

Хабарҳои дигари ин бахш