Дар Тоҷикистон расмиёти фарзандхонӣ содда гардонида мешавад

Октябрь 16, 2015 10:21

       Душанбе,16.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар Тоҷикистон расмиёти ба фарзандхонӣ қабул кардани кӯдакони ятим  содда гардонида мешавад.
         Ахиран палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва ба Кодекси оила ва Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд.
       Нуриддин Саид -вазири илм ва маорифи кишвар лоиҳаи қонунҳои мазкурро дар назди вакилон шарҳ дода гуфт, ки тағйирот  бо мақсади иҷрои банди 39-и нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз 26 апрели соли 2013 ба Маҷлиси Олӣ барои  содда кардани  расмиёти фарзандхонии кӯдакони ятим омадааст, таҳия шудааст.
      Тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» минбаъд шаҳрвандони кишвар  ҳангоми ба суд пешниҳод намудани ариза оид ба фарзандхонӣ аз додани боҷи давлатӣ озод мебошанд.  Яъне,  ҳадафи қонун ба дақиқ муайян намудани меъёри озод намудани шаҳрвандон аз супоридании боҷи давлатӣ ҳангоми фарзандхонӣ нигаронида шудааст.  Нуриддин Саид гуфт, ки ин масъала дар қонуни амалкунанда  норавшан ифода гардида,  дар амалия боиси фаҳмишҳои гуногун шудааст.  Инчунин дар моддаи 4 ва 5 -и қонуни мазкур калимаҳои «духтархондӣ» ва «писархондӣ» ба калимаи «фарзандхондӣ» иваз карда шудааст. 
           Вазири маориф ва илми кишвар афзуд, ки тибқи нишондодҳои  оморӣ дар соли таҳсили  2014 -2015 дар муассисаҳои таълимии кишвар -синфҳои тайёрӣ то ёздаҳ 46 ҳазору  218 нафар ятимон ва аз парастории волидайн  маҳрум гардида ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла,  2 ҳазору 70 нафар — 980 нафар духтар ятими кулл, 32 ҳазору  482 нафар — 14 ҳазору 995 духтар бепадар,  10 ҳазору 759 нафар -5 ҳазору 207 нафар духтар  бемодар,   907 нафар -487духтар аз парастории волидайн маҳрумгардидаро ташкил медиҳанд.  
     Ҳамзамон вазир омори ятимон ва кӯдакони аз парастории волидайн  маҳруммондаро дар минтақаҳои  мухталифи кишвар раддабандӣ намуда, гуфт, ки дар вилояти Суғд  -11 ҳазору 640 нафар  5 ҳазору 660 нафар духтар, Хатлон-14 ҳазору 49 нафар 7 ҳазору 442 духтар,  Бадахшон -1833 нафар- 874 духтар, Душанбе 5 ҳазору 548 нафар 2 ҳазору 504 духтар ва навоҳии тобеи марказ 11 ҳазору 148 нафар   5 ҳазору 180 нафар духтар ба қайд гирифта шудааст.
        Шумораи  кӯдаконе, ки аз парастории падар ё модар маҳрум шудаанд,  дар соли  2011-2012-ум  70 ҳазор 231 нафар,  
2012-2013 -ум 64 ҳазору 316 нафар, 2013-2014 -51 ҳазору 160 нафар 
2014-2015 -46 ҳазору 218 нафарро ташкил медиҳад. Нишондодҳои оморӣ далели онанд, ки тамоюли кӯдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум мегарданд, сол аз сол дар ҷумҳурӣ кам шуда истодааст.
            Ҳамзамон Нуриддин Саид афзуд, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 84  мактаб- интернат фаъолият доранд, ки муассиси 14 мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ Вазорати маориф  ва илми кишвар буда, 70 адади дигараш дар мувозинати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатист.       Шумораи  кӯдакони дар мактаб -интернатҳои ҷумҳурӣ дар соли хониши  2011 -2012 -ум  таҳсилкарда 9 ҳазору 862 нафар, соли 2012-2013 -9 ҳазору 906 нафар, 2013-2014- 11 ҳазору 389 нафар  ва  2014-2015-  11 ҳазору 569 нафар мебошанд. Нишондодҳои  оморӣ шаҳодати онанд, ки таҳсили  кӯдакон дар мактаб-интернатҳои кишвар сол то сол афзоиш меёбад. Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид зимни шарҳи ин масъала гуфт, ки қисми асосии тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои кишварро фарзандони  оилаҳои камбизоат ташкил медиҳад, ки он чанд омил дорад. Пеш аз ҳама низоми таҳсил дар мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ хуб буда, дорои тамоми шароити таҳсил ва тарбия аст. Инчунин  баъди аз ҳам ҷудо гардидани падару модар қисми бештари онҳо ба мактаб-интернатҳо супорида мешаванд. 
        Вазири маориф ва илми кишвар ҳамзамон таъкид кард, ки бо ташаббуси Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон аксарияти мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ аз таъмири  асосӣ бароварда шудаанд. Инчунин дар бонкҳои кишвар бо иқдоми Сарвари давлат барои ятимони кулл суратҳисобҳо кушода шудаанд. 

 

Октябрь 16, 2015 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад