Даромади андоз ба буҷети кишвар меафзояд
Душанбе, 21.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Тайи 9 моҳи соли равон даромади андоз ба буҷети кишвар 6 миллиарду 836 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 149 миллион сомонӣ ё 2,2 фоиз зиёд аст.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, тайи 9 моҳи соли равон ҳиссаи вориди андоз дар ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 72,5 фоизро ташкил дод.
Ҳамзамон андози иловагӣ ва андози фоида нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 баробари 265 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, андози арзиши изофӣ баробари 103 миллиону 800 ҳазор сомонӣ афзуда, андози ғайримустақим баробари 28 миллиону 400 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






