Доктор Ҷовид Иқбол аз дунё гузашт
Душанбе, 05.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Доктор Ҷовид Иқбол- писари шоир ва мутафаккири Шарқ Аллома Муҳаммад Иқбол рӯзи шанбе пас аз ранҷи бемории саратон дар шаҳри Лоҳур дар синни 92 аз дунё гузашт. Марҳум дӯсти Тоҷикистон буда, ҳамеша аз сафарҳои худ ба Тоҷикистон, вохӯриаш бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхориҳои Сарвари Тоҷикистон дар табъу нашри асарҳои Аллома Иқбол, инчунин вобаста ба муҳаббат, эҳтирому эътироф ва қадрдонии халқи тоҷик нисбат ба шахсият ва осори пурбори ин суханвари нотакрор бо як ҳиссиёти хосса сухан мегуфт.Доктор Ҷовид Иқбол 5-уми моҳи октябри соли 1924 дар ш. Сиялкоти музофоти Панҷоб ба дунё омада, соли 1944 Коллеҷи давлатии Лоҳурро бо дипломи аъло ва медали тилло хатм намуд. Соли 1948 унвонии магистрии худро дар соҳаи забони англисӣ ва фалсафа ба даст оварда, дар 30- солагӣ унвони докториро дар Университети Кембриҷ ҳимоя намудааст. Соли 1956 дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Lincolns Inn, London таҳсил намудааст.
Ҷовид Иқбол баъдан ба кори ҳуқуқӣ машғул шуда, дар аввал ҳамчун адвокат ва аз моҳи марти соли 1982 то моҳи октябри соли 1986 ҳамчун раиси Суди воломақоми Лоҳур ва баъдан ҳамчун судяи калони Суди Олии Ҷумҳурии Исломии Покистон хидмат намудааст. Баъдан ӯро ба узвияти Сенати Покистон интихоб намуданд. Ба қалами вай китоби машҳури «Ҷовиднома» ва асарҳои дигари вобаста ба иделогияи Покистон тааллуқ доранд.
Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн ва Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба аҳли хонадони Ҷовид Иқбол таъзияҳои худро баён намуданд. Дар изҳороти Сарвазир омадааст, ки: «Марги Ҷовид Иқбол барои Покистон талафоти бузург аст, зеро мо дар симои ин марди наҷиб як шахсияти бомаърифат, ҳаким, ҳуқуқшиноси машҳур ва покистонии асилро гум кардем».
Сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов ба аҳли хонадони марҳум Доктор Ҷовид Иқбол изҳори тасаллият намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






