Эмомалӣ Раҳмон: «Маблағи Фонди дастгирии соҳибкорӣ то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида мешавад
Душанбе, 14.10.2015 (АМИТ «Ховар»). — Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015, ки ҳоло дар Кохи Борбад идома дорад, чунин изҳор кард: Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва дастрасии соҳибкорон ба захираҳои қарзии имтиёзнок Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд, ки то имрӯз ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 133 миллион сомонӣ гузаронида шуда, маблағи он бояд то соли 2020 ба 1 миллиард сомонӣ расонида шавад.
Тавре ки Сарвари давлат зикр кард: Фонди мазкур аз оғози фаъолияти худ то имрӯз ба 117 субъекти соҳибкорӣ бо фоизи паст дар ҳаҷми беш аз 95 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат ҷудо намудааст, ки 47 шаҳру ноҳияи кишварро фаро мегирад ва илова намуд, ки: Аз ҷониби субъектҳои соҳибкорие, ки тавассути ин фонд қарзҳои имтиёзнок гирифтаанд, тибқи нақшаҳои тиҷоратӣ таъсиси зиёда аз 2000 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, барои дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ аз ҳисоби захираҳои қарзии низоми бонкӣ дар соли 2014 ба соҳибкорон ба маблағи қариб 9 миллиард сомонӣ ва дар 8 моҳи соли 2015 дар ҳаҷми 7 миллиард сомонӣ маблағҳо ҷудо гардидаанд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






