Фоҳишагарӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт
Душанбе, 21.10. 2015 (АМИТ «Ховар»). — Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии мамлакат корманди яке аз меҳмонхонаҳои пойтахт, сокини 39-солаи ноҳияи Файзобод ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ба ташкили фоҳишахона машғул будааст. Кормандони ВКД муайян кардаанд, ки номбурда шаби 19-уми октябри соли равон ҳуҷраҳои яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанберо ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 18-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ, марди 19-солаи сокини ноҳияи Панҷакент ва зани 20-солаи сокини ноҳияи Ёвон, марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 19-солаи сокини шаҳри Чкалов, инчунин марди 35-солаи сокини ноҳияи Дарвоз ва зани 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 750 сомонӣ гирифтааст.
Шахси гумонбар дастгир шуда, нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






