Форуми соҳибкории ҷавонон дар Душанбе
Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Форуми соҳибкории ҷавонон-2015»-таҳти чунин ном имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» бо иштироки доираи васеи соҳибкорону ҷавонон ва вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ва меҳмонон чорабинӣ доир гардид.
Форуми мазкур бори аввал буда, бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар Тоҷикистон доир мешавад. Дар он намояндагони ширкатҳои хусусӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҳамшарикони рушд гӯшаҳои иттилоотии хешро барои иштирокдорон ба намоиш гузоштанд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодири Қосим доир ба дастгирии соҳибкорон ва соҳибкорӣ миёни ҷавонон маърӯза намуда, зикр дошт, ки дар чанд соли охир сафи ҷавонони соҳибкор дар ҳоли афзоиш буда, ҷиҳати дастгирии онҳо Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои заруриро меандешад.
Ҳамчунин дар форум раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Намояндаи доимии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон доир ба зина ба зина рушд ёфтани соҳибкорӣ дар Тоҷикистон сухан гуфта, зикр карданд, ки саҳми ҷавонон дар рушди давлатдорӣ- ин худ нишонаи фаҳмиши баланд доштан дар риштаи иқтисод мебошад, ки як рукни пешравии давлат мебошад.
Умед, як ҷавони соҳибкор, ки тӯли панҷ сол аст ба соҳибкорӣ машғул мебошад, мегӯяд ӯ бори аввал аст дар чунин чорабинии сатҳи баланд иштирок дорад ва аз ин чорабинӣ имконият ва омӯзиши хубе барои кори ояндааш бардошт кардааст. Ҳамчунин ӯ гуфт, аз ин ки баъзе ҷавонон соҳибкориву тиҷоратро аз дигар кишварҳо омӯхтаанд, бояд чунин форуму чорабиниҳои иқтисодӣ барои ҷавонон зиёд гарданд, зеро онҳо барои ҷавонони мо имконияти хуби омӯзиш ва бардоштҳову интихоби дурустро дар ватан муҳайё мекунанд.
Форуми мазкурро гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва департаменти гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба роҳбарӣ, омӯзиш ва навовариҳо сарпарастӣ намуда, он дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






