Хатсайри нави ҳавопаймоии Калуга — Кӯлоб
Душанбе, 23.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҷамъияти саҳҳомии «Фурудгоҳи байналмилалии Калуга» аз 16 ноябр ба хидматрасонии ҳавопаймоҳо дар хатсайри байналмилалии Калуга — Кӯлоб шурӯъ мекунад. Дар ин хатсайр тайёраҳои Boing 737 — 400 Ширкати ҳавопаймоии «Asian Express Airline» Тоҷикистон ҳафтае се маротиба (рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе) парвоз мекунанд.
Арзиши чипта ба як самт аз 11200 рубли русиягӣ (бо дарназардошти тааруфа ва боҷ) оғоз меёбад.
Қобили зикр аст, ки Ҷамъияти саҳҳомии «Фурудгоҳи байналмилалии Калуга» дар масофаи 190 километр дур аз Маскав қарор дорад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






