Хислатномаи Ёров Бузургмеҳр Равшанович
Аз бойгонии ВКД ҶТ
Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ёров Бузургмеҳр Равшанович, таввалудаш 9-уми июли соли 1971, зодаи ноҳияи Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи М.Миршакар-66 «а» мебошад.
Соли 1989 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба бахши ҳуқуқ дохил шуда, аз курси чорум барои дағалона вайрон намудани интизом ба шуъбаи ғоибонаи донишгоҳи мазкур гузаронида мешавад.
Падараш — Равшан Ёров, соли таваллудаш 1941 дар ноҳияи Оби гарми Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Модараш — Ҳуриниссо Исҳоқова, соли таваллудаш 1945, дар ноҳияи Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст.
Бо ҳамроҳии ӯ дар оилаашон 5 нафар фарзанд мебошанд.
1-уми июли соли 1993 бо Фармони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба сифати муфаттиши шуъбачаи тафтишотии ШКД-и ноҳияи Октябри (И.Сомонии) шаҳри Душанбе таъйин шудааст.
Рутбаи аввалини Ёров Б.Р. «лейтенанти хурди милитсия» 13 сентябри соли 1993 ва рутбаи дигари навбатӣ- «лейтенанти милитсия» 20 ноябри соли 1996 ба ӯ дода шудаанд.
Ба Б. Ёров барои қасдан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шаҳрванд Назаров бо Фармони ШКД ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, таҳти № 20 аз 5-уми марти соли 1994 «Танбеҳи қатъӣ» эълон карда шудааст.
Бо Фармони Раёсати корҳои дохилии Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти №9 аз 26.01.с.1997 лейтенанти милитсия Ёров Бузургмеҳр Равшанович муфаттиши шуъбачаи тафтишотии Шуъбаи корҳои дохилии Ҳукумати ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, барои дағалона вайрон намудани интизоми хизматӣ аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шуда, ба ихтиёри кадрҳои Раёсати мазкур гирифта шуд.
Баъдан 31 августи соли 1997, барои дағалона вайрон кардани меъёрҳои Қонуни мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва талаботи Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №82 аз 26.02.с.1993 «Дар бораи тартиби қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва баррасии ариза, иттилоот ва дигар маълумот оид ба ҳодиса ва ҷиноятҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ», яъне ғайриқонунӣ баровардани қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоташ буда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани айбдоршаванда дар ҷинояти «одамкушӣ», Прокуратураи ноҳияи Октябри (И.Сомонии) ш.Душанбе нисбат ба Б. Р. Ёров парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ «ХОРИҶ» карда мешавад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






