«Хомаи созанда — 2015»: озмун

Октябрь 2, 2015 04:45

Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, 12 марти соли 2015 қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони «Хомаи созанда — 2015» ба тасвиб расид.
Озмуни мазкур ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, таъмини инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва нашри маводи баландпоя дар мавзӯъҳое, ки аҳамияти махсус  ва арзиши баланди иҷтимоӣ доранд, инчунин дастгирии журналистони вилоят гузаронида мешавад.
Журналистоне, ки ҳадафи иштирок дар ин озмунро доранд, метавонанд маводи худро аз 1-ум то 20-уми октябри соли равон, ки марҳилаи ниҳоии қабули маводаст, ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят пешниҳод намоянд.

Октябрь 2, 2015 04:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад