«Хомаи созанда — 2015»: озмун
Душанбе, 02.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, 12 марти соли 2015 қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони «Хомаи созанда — 2015» ба тасвиб расид.
Озмуни мазкур ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, таъмини инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва нашри маводи баландпоя дар мавзӯъҳое, ки аҳамияти махсус ва арзиши баланди иҷтимоӣ доранд, инчунин дастгирии журналистони вилоят гузаронида мешавад.
Журналистоне, ки ҳадафи иштирок дар ин озмунро доранд, метавонанд маводи худро аз 1-ум то 20-уми октябри соли равон, ки марҳилаи ниҳоии қабули маводаст, ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят пешниҳод намоянд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






