Ин ҷавонон ба куҷо мегараванд?
Андешаҳо ва пешниҳодҳо барои ҳалли масъала ва мушкили ҷавонон
Душанбе, 12.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Воқеаҳое, ки ахиран дар кишвари мо ба вуқӯъ пайвастанд, бори дигар водор мекунанд аз хусуси тақдиру пешомад, имрӯзу фардои наврасону ҷавононамон биандешем. Воқеан масъалаҳои марбут ба ҷавонон, таълиму тарбияи онҳо, шуғл ва касбу корашон, маърифату одобу дониш омодагиашон ба қабули ҳодисоту воқеоти рӯз, огоҳиашон аз ҷаҳони муосир ва ғайраҳову ғайраҳо ҳамеша, дар ҳама давру замон,дар ҳама ҷомеаҳо масъалаҳои мубрами рӯз будаанд.
Аммо ҷаҳони имрӯз, ҷараёни ҳодисоти муосир дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ аз гузашта ба куллӣ фарқ дорад. Муборизаҳои шадиде, ки барои тасхири фикру андешаҳои ҷавонон, дигар кардани маҷрову ҳадафу ормонҳои онҳо, ба манфиати ғаразноки худ истифода бурдани онҳо дар байни ҷараёнҳои тезу тунд ва гуногунмақсаду гуногунмазҳаби олам сурат мегиранд, масъалаи интихоби роҳи дуруст, устувории мавқеи инсонию шаҳрвандии хоссаро барои ҷавонон сахт мушкил сохтааст. Хусусан барои кишваре чун Тоҷикистони мо, ки баъди садсолаҳо дар ин замони ҳассос ва мураккаб соҳиби истиқлолият гаштаву дар пайи эҳёи тозаи ҷисмониву маънавии хеш, нигоҳдошту такмилу рушди ҳастии худ, одобу хирад, беҳтарин суннату анъанаҳо, забону фарҳанги навини хеш аст. Ва ҳама умед, ҳама бори масъулият, ҳастию нестии меҳану миллат дар ояндаи наздик, аз имрӯз оғоз карда, маҳз бар дӯши ҳамин ҷавонон аст.
Албатта, он хираду одоб ва анъанаву суннатҳое, ки дар хуни миллати мо ҳазорсолаҳо ҷараён доранд, аз насл ба насл хоҳанд гузашт. Аммо мо мебинем, ки чӣ гуна ҷаҳон дигар мешавад, талабот дигар мешавад, чӣ гуна ҷараёнҳои мухолиф бо ҳадафҳои муайян ба манфиати худ мекӯшанд ҷавонони моро ба бероҳаҳо баранд, ба доми макру тазвир андохта, роҳгум занонанд.
Баъд аз истиқлолияти кишвар дар Ватани мо як рӯҳияи баланди меҳанпарастӣ, ифтихор ва худшиносии миллӣ, оташи дурахшони ишқи Ватан дар дили халқ, хосса дар дилҳои ҷавонон афрӯхта шуд. Ин оташ аз бунёди Сарвари кишвар аланга гирифт ва бо ҳар сухану даъвату ташаббуси ватандӯстонаи ӯ ба дилҳои сокинони кишвар гузашт. Қисми зиёди мардум, аз ҷумла ҷавонони мо дар оғоз моҳияти истиқлолият ва ягонагии халқу ваҳдати миллиро хуб дарк карданд ва дар вуҷудашон фаро гирифтанд. Ин ягонагӣ ва муҳаббати фурӯзони халқро мо дар лаҳзаҳои ҳассос дидему эҳсос кардем. Мо дидем, ки ҳадафи баланди миллӣ халқро ба сарҷамъӣ, ба сар баровардан аз як гиребон меорад. Далели беҳтарини ин гуфтаро дар мисоли эҳёи сохтмони тақдирсози НБО –и Роғун метавон нишон дод. Даъват аз бунёди Роғун пиру ҷавонро ба по хезонд. Мо дидем, чӣ гуна мардуми кишвар ҳама омода буданд барои ин ғояи баланд, ки рамзи ягонагиву ватандӯстӣ дар роҳи ҳадафи тақдирсоз буд, ҷоннисорона саҳм гузоранд ва инро шарафи худ ва хонадони худ ҳисобанд. Ҳаргиз аз ёдам мӯйсафеде намеравад, ки ягона гови хонаи худро фурӯхта, маблағашро ба хазинаи сохтмони Роғун гузаронд. Воқеан маълум шуд, ки ҳадафҳои бузургу тақдирсоз миллату халқро ба сари нанг меоранд ва ба ваҳдат мерасонанд.
Аммо ин ҷаҳони мураккаб, ҷараёнҳои фиребои ғаразнок ва бадхоҳ моро водор мекунанд омодаи қабули пешомадҳои гарону нобаҳангоми зиндагӣ бошем. Болотар аз як ифтихор, болотар аз имкони худ дар лаҳзаҳои даркор мардона гардан афрозем ва пойдорона истодагарӣ кунем. Аз ҳама муҳимаш ноумед набошем, зеро зиндагӣ пур аз мушкилоту шигифтиҳои ғайричашмдошт аст.
Ана ҳамин имтиҳони дуюм, имтиҳони омода будан ба истодагарӣ алайҳи хиёнатҳо, омода будан барои ҷавоб додан ба тиру туфанги душманон барои миллати куҳанбунёд ва навэҳёи мо имрӯз бениҳоят зарур аст. Ана ҳамин мушкилу муаммои ҷаҳони мураккаб, ки ба он таҳдидҳои душманона ва хатарҳои ногаҳонии дигар низ ҳамроҳанд, моро ҳушдор медиҳанд, ки дар ҷодаи ватандӯстии худ устувор бошем, ба ноумедӣ роҳ надиҳем ва хусусан ба тарбияю таълими ҷавононамон бо назари тоза, ҷиддӣ, бо камоли масъулият ва дарки ҳодисот машғул шавем.
Оре, аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон чораҳо дида мешаванд. Қарору қонунҳо барои амалӣ намудани ин ниятҳо бароварда шудаанд. Ахиран Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки падидаи нав ва ҳатто ибратомӯз барои дигар кишварҳо ҳам гардид ва хеле саривақтӣ буд, қабуд карда шуд. Ва ҳатто бо мақсади татбиқи пурраи ин қонун шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд, ки вазифаи асосиаш назорати ҷараёни иҷрои қонуни номбурда мебошад. Ва ҳамчунин идораҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо механизми тадбиқи қонунро ҳамаҷониба омӯхта, доир ба ин масъала низомномаи дахлдор таҳия намоянд.
Аммо ин қонун имрӯз то куҷо амалӣ мешавад? Дуруст аст, ки қонуни мазкур дар байни ҷомеа аз ҷониби ташкилоти давлатию ҷамъиятӣ, расонаҳо, радиову телевизион ҳамаҷониба ва хеле фаровон тарғиб мешавад. Мебоист ин қонун кайҳо дар хуни мардум ҷо мегирифт. Аммо агар аксулсадо ва тарғиботи ҳамарӯзаро як сӯ гузорем, оё ин қонун то куҷо воқеан амалӣ шудааст ва чӣ натиҷаҳо додааст?! Бояд масъаларо ҳамин тавр гузорем: худи мо, ҳар яки мо шахсан барои дар ҳаёт татбиқ шудани он, барои раҳнамоии наврасону ҷавонон чӣ саҳм гузоштем, ҳеҷ набошад чӣ нақшаҳо кашидем, ба ғайр аз тарғибу гуфтор. Оё ман худ шахсан баъд аз қабули ин қонун ягон кор кардам? Барои фарзанди худ, барои хонаводаи худ чӣ нақшае тарҳрезӣ кардам ва аз пайи иҷрои он шудам? Вақте масъаларо чунин мегузорем, мефаҳмем, ки мо, падару модарон дар иҷрои ин қонун кори назаррасе накардаем. Ва на танҳо ин қонун, тамоми қонуну қарору дурнамоҳои мо бе дарку фаҳмиш, бе иштироки фаъолонаи халқ наметавонанд комилан амалӣ шаванд.
Боз ҳамон муносибати кӯҳна. Мо гумон мекунем, интизорем, ки касе меояду ин корро барои мо мекунад. Аммо бе дарки ҳар шаҳрванд, ҳар нафари мо на ин кору на ин қарор, балки ягон кору ягон қарор амалӣ нахоҳад шуд.
Ин ҷо меоем бар сари масъалаи асосӣ. Чаро бисёр масъалаҳои мо иҷро нашуда мемонанд ва аз сатҳи гуфтугузор дуртар намераванд? Барои он ки фарҳанги ҳамаи мо, худшиносии ҷомеаи мо дар он сатҳе нест, ки мо ҳама як тан барои иҷрои онҳо тайёр бошем. Амалисозиву ҳалли ин масъалаҳо аз ҳар яки мо маърифати хосса талаб мекунанд ва оё ин маърифат дар ҳар яки мо ҳаст? Яъне, мо бе ягон супориш аз боло, бе водорсозии касе, худамон барои худамон, барои фарзандонамон, барои ҷомеа, барои Ватан коре мекунем? Вақти он омадааст, ки мо мушаххасан, бо ҳадафи муайян амал кунем, ки натиҷаҳо ба бор орад. Каси дигареро интизор нашавем.
Созмони ҷавонони мо низ фаъолият мебарад, баъзе чорабиниҳои дастаҷамъӣ бо иштироки ҷавонон барпо месозад, ки ин хуб аст. Аз ҷумла ҳашари ниҳолшинонӣ яке аз чорабиниҳои натиҷаовар, зарурӣ ва муфидест, ки ҷавонони мо ташкил мекунанд. Бояд чунин чорабинии муфид бештар дар тамоми гӯшаҳои кишвар доман густарад. Аммо дар пеши неруву имконияте, ки ҷавонон доранд, ин хеле кам аст. Ҷавонон бояд дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, илм, фарҳанг ва варзиш фаъолу навовар ва ташаббускор бошанд.
Масалан, чаро гурӯҳи ҷавонони мо дастаҳои зарбдор ташкил намуда, фарз кардем, бунёди як каналеро ба зимма нагиранд, ки ҳам ба манфиати кишвар асту ҳам корашон маълум шавад? Албатта, бо дастгирӣ ва маблағгузории давлат ё соҳибкорон ё хоҷагиҳои манфиатдор . Ё чаро гурӯҳи ҷавонон дар дастаҷамъӣ бунёди корхонаеро ( бигзор кучак бошад), ки барои ватан ва эҳтиёҷмандон маҳсулоти даркорӣ барорад, ба зимма нагиранд? Албатта, ҷавонони огоҳ ва соҳибҳунар масъалаи сифат, ба рақобати бозорҳои ватаниву хориҷӣ истодагарӣ кардани маҳсулоти мебаровардаашонро низ бояд ба назар гиранд. Ё ку як пешниҳоди боз ҳам аҷибтаре, ки ҳам барои ободии кишвар бошаду ҳам ба онҳо манфиат орад ва сатҳи зиндагиашонро баланд бардорад. Барои ин кор аз ҷониби ҳукумат грантҳои махсус низ ҷудо шудааст. Чаро дигарон метавонанду мо не? Намемонанд ? Халал мерасонанд ? Роҳ намедиҳанд ? Кӣ ва чаро? Охир ин манфиату ободию пешрафти кишвар ва некуаҳолии халқ аст ку?! Пас биёед барои ҳуқуқи худ, амалӣ шудани ниятҳоямон саъю кӯшиш кунем. Маълум аст, ки Сарвари кишвар ва Ҳукумат ҳамеша навоварӣ, бунёди корхонаву муассисаеро, ки ба манфиати кишвар аст, дастгирӣ мекунанд ва барои исботи он мисолҳо кам нестанд. Яъне худи мо бояд бештар ташаббускор ва фаъол бошем. Ташкилоту созмонҳои ҷавононро лозим аст, дар мавриди пеш омадани мушкилот раҳнамо ва дастгири ҷавонони ташаббускор бошанд.
Дар чандин мулоқоте, ки бо мардум гузаронида шуд, ба гӯши худ шунидам, падару модарон шикоят мекунанд, ки фарзандонашон бекоранд, ба куҷо рафтанашонро намедонанд, коргоҳу корхонае вуҷуд надоранд, ки онҳоро бо коре машғул доранд. Дар назари аввал ин эътирозҳо дуруст менамоянд. Аммо, биёед, бубинем, ки чаро чунин аст ва оё онҳо ҳаққанд? Ва дар шароити мавҷуда оё танҳо бо талабу эътироз метавон пеш рафт?
Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки ҷавони қобилиятнок, соҳиби илму дониш, ҳунарманд, ҷӯяндаву пӯянда кор ҳам меёбаду маош ҳам ва рӯзгору хонаводаи худро бо ҳар роҳе бошад, таъмин мекунад. Ё мутахассиси кордон мешаваду дар идораҳои бонуфуз кор мекунад ё соҳиби касбу ҳунаре мегардаду хизмати мардумро ба ҷо меорад ва подоши заҳматашро мегирад. Касе ҳунар дорад ва ҳунараш даркорист,ҳаргиз хор нахоҳад шуд, барои кор кардан дар хориҷи кишвар, ҳатто мардикорӣ, боз ҳам маърифат, дониш, ҳунар, ҳеҷ набошад, саводи хуб доштан ҳатмист, ба иловаи донистани забонҳову қонунҳо. Яъне, боз ҳам ба худи мо вобаста аст. Ба он вобаста аст, ки моро дар хона, дар мактаб дар чӣ сатҳ тарбият кардаанд ва худи мо чӣ қадар кӯшидаем, ки ба чизе ноил шавем. Бояд таъкид кунем , ки дар ин замона на ҳама кор ба табъу табиати мо шояд мувофиқ аст, аммо дар чунин маврид инсон бояд аз коре, ки заҳматталаб асту бо ранҷу меҳнати ҳалол маош ба даст меорад, ор накунад. Масалан, кор дар бунёди сохтмонҳои зиёде, ки дар гӯшаҳои кишвар ҷараён доранд. Оё мо, ҷомеаи мо, ҷавонони мо ба танбаливу бефаъолиятиву бекорӣ одат накардаем?
Агар мо фақат шикоят кунем, ки ҷои кор нест ва интизор бошем , ки касе меояду аз дастамон мегираду мебарад ва ба мақсадамон мерасонад, сахт иштибоҳ мекунем. Вақти он расидааст, ки бифаҳмем, замонаҳое, ки ҳама корро бе мо барои мо мекарданд, гузашта рафтанд. Имрӯз ҳар кас аз худ намонад. “Гар аз худ монӣ, монӣ аз Худо ҳам”,- гуфтааст пайғамбари Худо.
Банда ҳаргиз муқобили дини мубини Ислом нестам. Алҳамдуллилоҳ. Баръакс бар он андешаам, ки дину шариат аст, ки ҷомеаи моро аз ҳар гуна фасод пок медорад, мувозинату одобу тартиботи онро нигаҳдорӣ мекунад ва намегузорад, ки мардум аз сарҳади мамнӯъ убур кунанд. Дини мубини Ислом ҳамон динест, ки бобоёну падарони мо, гузаштагони бузург ва фарзонаи миллати мо ба он эътиқоди ҷонӣ доштанд.Масҷидҳо – хонаи Худо ва ниёишгоҳи онҳо ба Худованд буд, на минбари ҳадафҳои дигар. Аммо дар зери ниқоби Ислом баъзе неруҳои иртиҷоӣ ва террористӣ андешаҳову ҳадафҳои ғаразноки худро дар мағзи сари ҷавонони мо ҷо мекунанд ва онҳоро далолату даъват ба хунрезиву одамкушӣ, вайронкориву харобасозии манзилҳои ободи мардуми бегуноҳ мекашонанд, ки оқибаташ ҷуз аҷали сангин чизе нест. Ва ин ақида зуд собит гардид ва бояд сабақе шавад барои дигарон.
Албатта, ҷавононе, ки бекоранд бо пешае, шуғле машғул нестанд, зиндагиашон аз ҳадафҳои гуногун рангин нест, ночор мегараванд ба ҳаракатҳо ва гурӯҳҳое,ки гумроҳашон мекунанд. Мегараванд ба гурӯҳҳои тундрав, даст мезананд ба кочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояту роҳҳои осони пулёбӣ.
Аммо ман ба ҷавонони тоҷик, ки бунёдашон аз хайрхоҳиву некманишӣ фароҳам омадааст, бовар дорам. Аслан миллати мо дорои одобу суннатҳои нек аст, ман мебинам, ки ҷавонҳои соҳибмаърифат, онҳое, ки фарҳангу дониш доранд, таълиму тарбияи хуб гирифтаанд, закӣ ва хушёранд. Ба онҳо метавон ояндаро бовар кард. Аммо гумон намекунам, ки аз сари кор дур кардани тамоми пирону калонсолон, хусусан онҳое, ки ҳанӯз неруи зиёд доранд, онҳое ки барои ақлу таҷрибаи онҳоро ба даст овардан ин ҷавонон бояд даҳсолаҳо омӯзанду сабақ гиранд, ба манфиати кор бошад. Дар бари ҷавонони мо бо ҳама қобилиятнокиву истеъдодашон ҳатман ду- се пири соҳибтаҷриба бояд раҳнамо бошанд. Ва бо хираду таҷрибаву дониши худ онҳоро сарварӣ кунанд. Дар тамоми ҷомеаҳои мутараққӣ, дар ҳама олам ҳамин тур будаасту ҳамин тур бояд бошад. Агар шумо сутунҳои асосӣ ва мустаҳками биноро аз байн бубардоред, он бино ҳатман фурӯ меафтад ва зистан дар он хатарнок мешавад. Агар мо ҳама пирони солиму соҳибфитрат, ҳама мутахассисони нодиру соҳибтаҷриба ва баъзан нотакрорро, ки барои омода кардани онҳо як умр даркор аст, бекору барканор кунем, кӣ ба ҷавонони мо дарси кор, дарси садоқат ва донишу таҷриба меомӯзонад? Кӣ онҳоро раҳнамоӣ мекунад?! Аммо роҳи кору сабзишро низ ҳатман бояд ба он ҷавононе кушод, ки донишу савод доранд, ташаббускору эҷодкор, ҷоннисору ватандӯст ҳастанд. Ва онҳоро на аз рӯи меъёри хешу табориву ҳамдиёрӣ бояд интихоб кард. Тоҷикистон кишварест, ки байни ноҳияҳои худ бо кӯҳҳои фалакбӯсу водиҳои махмалин ҷудо гардидааст. Ва ҳар маҳаллу ҳар водӣ ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ҳар деҳа хусусиятҳои хоси худро дорад. Ин гуногунрангӣ кишвари моро аз ҷиҳати маънавӣ, суннату анъанаҳо бой гардонидааст ва дар баробари ин барои нигаҳ доштани он ҳатман зарур аст, ки мувозинати маҳалҳо дар он нигоҳ дошта шавад, то ин ягонагӣ, ин Ваҳдати офаридаи Худованд ҳаргиз халал наёбад. Вагарна кишвар пойдор нахоҳад буд
Ғамхориҳои Сарвари кишвар ва Давлату Ҳукумат дар Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон хеле назаррас аст. Пайваста, ҳамарӯза ин ғамхорӣ дар ҳама ҷо, дар мактабҳо, омӯзишгоҳҳо, мактабҳои олӣ, ташкилоти марбути ҷавонон ва имрӯз дар тамоми хоҷагии халқ ва ҳатто дар муассисаҳои давлатӣ мушоҳида мегардад.
Ҳукумати кишвар барои тайёр кардани кадрҳо дар хориҷи мамлакат ташаббус нишон медиҳад. Аз соли 2008 то ин дам зиёда аз 10 ҳазор ҷавон танҳо тибқи барномаи стипендияи байналмиллалии Президенти мамлакат ва беш аз 20 ҳазор нафар дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба таҳсил фиристода шуданд. То ин дам фарзандони болаёқати тоҷик дар беҳтарин мактабҳои олии қариб 40 давлати пешрафтаи хориҷӣ аз рӯи даҳҳо ихтисос таҳсил намуда, баъзеи онҳо имрӯзҳо чун мутахассисони сатҳи баланд дар корхонаҳои гуногун кор мекунанд. Ҳамин сол беш аз 4 ҳазор нафар ҷавонони кишвар барои омӯзиши ихтисосҳои барои мамлакат зарур ба дигар кишварҳо фиристода шуданд. Бешубҳа, чунин ғамхориву дастгирӣ аз ҷавонон моро ба ояндаи неки онҳо ва фардои дурахшони кишварамон умедвор мекунад.
Гаравиши ҷавонони мо ба равияҳои номатлуби террористиву экстремистӣ амали номатлуб ва ғайри чашмдошт буд. Шояд теъдоди гаравидагон чандон зиёд набуд. Баъдан аз тамоми кишварҳои дунё ҷавонҳои гумроҳ ба ин ҳаракатҳо гаравиданд, ки дар муқоиса бо шумораи онҳо ҷавонони мо хеле каманд. Кулли мардум, кулли ҷавонони мо ҳаргиз ба ин гумроҳиҳо нахоҳанд рафт. Аммо чаро гурӯҳе рафтанду ҳаёташонро сӯхтанд? Агар мо сабабҳои ин зуҳуроти номатлубро муайян накунем, наметавонем дар оянда пеши роҳи онро бигирем ва теъдодашон метавонад афзудан гирад.
Ман гумон мекунам, сабаби асосии ин гаравишҳо боз ҳам ҳамон содагӣ, ноогоҳӣ, ба ҳамаву ҳар кас хайрхоҳ будан ва бефарҳангии ҷавонон аст, ки зуд гирифтори доми тазвир мешаванд. Аксари онҳо самимона бовар доранд, ки ба ғояҳои муқаддас садоқат кардаанд ва ба роҳи дуруст рафтаанд, ҳол он ки ин иштибоҳе беш нест. Гурӯҳи дигар, ҳадафашон фақат пулкоркунӣ будааст, вале надонистанд, ки ба коми фано мераванд. Хулоса инҳо ҳама иштибоҳе беш нестанд. Пас чӣ бояд кард? Ба андешаи мо:
1. Мо бояд аз пайи баланд бардоштани дониш, фарҳангу маърифати ҷавононамон бошем.
2. Дар ҷумҳурӣ ба зуҳури таблиғоти ғаразноку бегона ва зидди сохти ҳукуматӣ қотеъона роҳ надиҳем.
3. Ҷавонони худро ба таҳсилу омӯзиш, ҳунаромӯзӣ, бунёдкорӣ, машғулиятҳои муфид машғул дорем. Онҳо набояд бекор, бетаҳсил, бемашғулият бимонанд.
4. Ба онҳо бовар кунем, имконият диҳем, роҳнамоӣ ва дастгирӣ кунем, ки кору коргоҳи шахсии худро боз кунанд. Умедворам, ки барои ин ҳам Ҳукумат, ҳам ҷомеа ва ҳам созмонҳои ҷавонон нақшаву барномаҳои мушаххасу ҳадафнокро тарҳрезӣ мекунанд.
5. Ва оқибат бояд боз гашт ва такя кард ба ҳамон Қонуни масъулияти падару модар. Бояд ба таври дигар ба ин қонун наздик шуд. Бояд барномаҳое дар партави он тарҳрезӣ ва амалӣ кард.
Имрӯз дар даврони истиқлол ба ҷуз дӯст доштани Ватан, расидан ба қадри истиқлолияти он, аз як гиребон сар баровардан роҳи дигаре барои эҳёву наҷоти кишвари мо нест. Воқеан ин замини биҳиштӣ танҳо дар он маврид ба биҳишти воқеӣ табдил хоҳад ёфт, ки мо онро ҳамчун модар шиносем ва ин модар моро ба оғӯш гираду фарзандони як модар буданамонро эҳсос кунем ва ҳаргиз ба умеди касе нашуда, худамон бо дасти худамон ба он эҳёи нав бахшем.
Ин мақола бе ягон даъво ва ғараз, самимонаву дилсӯзона навишта шуда, ҳадафаш танҳо ин аст, ки дар ҳалли масъалаҳои бавуҷудомадаи марбут ба ҷавонон шояд таъсири манфиатбахш расонад.
Камол Насрулло
Шоири Халқии Тоҷикистон