«Ҳинди гумшуда»- эҳдо ба ҷашни Ҳисори шодмон

Октябрь 20, 2015 04:22

        Душанбе, 20.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Ба ифтихори ҷашни 3000-солагии Ҳисори шодмон нашриёти «Илм» китоби шоир ва муҳаққиқи  таърихи бостон Муҳтарам  Ҳотамро таҳти унвони «Ҳинди гумшуда», «Зиҳӣ,  Ҳисори  шодмон»  аз чоп баровард. Дар китоб  доир ба сарзаминҳое, ки дар номаҳои куҳани ориёҳиндӣ «Ригведо», «Маҳабҳарата», «Пурон»-ҳо, «Рамаяна» ва дигар асарҳо зикр гардидаанд, бори нахуст дар ҷуғрофияи нав -шарқи Осиёи Миёна, бахусус минтақаҳои Тоҷикистон, Фарғона, ғарби Чин ва навоҳии атрофашон таҳқиқот сурат гирифтааст. Инчунин дар китоби «Ҳинди гумшуда» роҷеъ ба сарнавишту  маънои чанде аз вожаҳо таълифот пешниҳод гардидааст. «Зиҳӣ, Ҳисори  шодмон» қисмати  дуюми китоб буда, дар он аз осори шоир Муҳтарам Ҳотам силсилаи шеърҳо, ки ба ҷашни  3000-солагии Ҳисори  шодмон эҳдо гардидааст, ҷой дода шудаанд. Китоби «Ҳинди гумшуда» бо дастгирии мудири ширкати «Афсиса» Фатҳулло Раҳмонов мунташир гардидааст.

 

 

Октябрь 20, 2015 04:22

Хабарҳои дигари ин бахш