Иштироки мутахассисони Тоҷикистон дар чорабинии Хазинаи таҳсилоти Аврупо дар Бишкек

Октябрь 19, 2015 04:25

Душанбе, 19.10.2015. (АМИТ «Ховар» ). — Бо  мақсади ташкили заминаи  рушди шабакаи алоқа барои муколама дар доираи ташаббусҳои Фонди таҳсилоти Аврупо «Рушди муассисаҳои таҳсилоти касбӣ  барои омўзиш дар тӯли ҳаёт»  ҳафтаи гузашта дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он мутахассисон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, коршиносон аз Иттиҳоди Аврупо ва Фонди таҳсилоти Аврупо иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ ҷузъиёти асосии ташкили таҳсилот ва таълими касбӣ, бахусус сифат ва самараи таълими амалӣ ва роҳнамоии касбӣ муҳокима гардид. Диққати  асосӣ ба маҳорати касбии мудирон, омўзгорон ва устоҳои таълимии истеҳсолии ин соҳа дода шуд. Иштирокчиён имкон пайдо намуданд, ки дар чорабинӣ бо мутахассисони байналмилалӣ суҳбат намуда, аз таҷрибаи онҳо ва таҷрибаи рушди ин соҳа дар Аврупо бархурдор гарданд.
Мақсади асосии Фонди таҳсилоти Аврупо  мусоидат намудан ба рушди маҳорати касбии мутахассисони ин соҳа ва муассисаҳои таҳсилоти давлатҳои шарик мебошад. Аз ҷониби Фонди мазкур чорабиниҳои зиёде дар ин самт гузаронида мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки  Муассисаи давлатии «Литсейи касбии техникии саноати кишоварзӣ»-и  шаҳри  Кӯлоб ғолиби озмуни «Хуб ба нақша гирифтани фаъолияти муассисаи таълимӣ-кафолати сифат» гардид.
Дар хатми чорабинии мазкур муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазокистон барои ҳамкории судманд дар ин раванд бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар чорабинӣ аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон Р.Гулшанов, директори Муассисаи давлатии «Маркази таълими методӣ ва мониторинги сифати таълим» Т.Табаров ва мушовири директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ А.Фаромузов иштирок доштанд. 

 

Октябрь 19, 2015 04:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст