Қиссаҳои хунхории Ризвон, хоинии Ҷунайдулло, маблағситониҳои пешвоёни мухолифони тоҷик, «хизматҳои» ҳоҷӣ Ҳалим ва стратегияҳои ҲНИТ, аз забони шоҳиди воқеӣ

Октябрь 17, 2015 07:20

Душанбе, 17.09.2015 (АМИТ «Ховар»). — Амалиёти мусаллаҳона зидди  гурӯҳи террористии Ҳоҷӣ  Ҳалим  Назарзода бомуваффақият ба анҷом расида бошад ҳам, то ҳоло намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа – аз шаҳрвандони оддӣ сар карда, то коршиносону таҳлилгарон вобаста ба хиёнати балвогарон назару гумонҳои гуногунро изҳор мекунанд. Ба андешаи ман бошад, сабабу омилҳои сар задани ҳодисаҳои моҳи сентябрро аз даҳсолаҳои пеш бояд ҷуст.

Муассисони ҲНИТ борҳо дар суҳбатҳои  худ  зикр кардаанд, ки ин ҳизб соли 1973 ҳамчун ҳаракати сиёсии пинҳонӣ ташкил шудааст, аммо ин гап аз воҳимае беш нест. Шояд он солҳо онҳо  дар байни баъзе аҳолӣ таблиғоти пинҳонӣ гузаронида, барои рӯзи  мувофиқ пайт ҷуста, мардумро омода мекарданд. Бояд гуфт, ки ин услуби доимии кори пинҳонкорон аст: дар саҳна баромади дигар, пушти парда санг дар бағал барои фурсати муносиб пинҳон медоштанд.

Пас аз байн бурдани нақши роҳбарикунандаи ҳизби коммунист соли 1990 нафарони наҳзати ислом идея пеш гузоштанд, ки «ислом ин сиёсат аст ва он наметавонад аз ҳаёти сиёсии кишвар дар канор фаъолият намояд. Бояд  дар ҷомеаи  Тоҷикистон, ки 99 фоизи аҳолиаш мусалмон аст, ҳизби исломӣ  таъсис  ёбад ва он барои ба қудрат расидан талош намояд”. Баъди аз қудрат дур шудани президенти вақти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов зери фишорҳо иҷозат дода шуд, ки ҲНИТ ҳамчун ҳизби расмӣ шинохта шавад. Ин ҳодиса ба рӯзҳое рост омад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд интихоботи президентӣ доир мегардид. Дар интихобот номзади наҳзатиҳо кинорежиссер Д.Худоназаров 32 фоизи овозҳоро соҳиб шуда, шикаст хурд. Наҳзатиҳо рӯирост эълон карданд, ки: «Президент Раҳмон Набиевро эътироф намекунанд ва ӯ ҳеҷ гоҳ президенти онҳо нахоҳад буд». Ҳамин тавр аз моҳи апрели соли 1992 бо роҳбарии Қорӣ Муҳаммадҷон ва Давлат Усмон одамон зери парчами ҲНИТ ба майдон кашида шуданд. Наҳзатиҳо таи ду моҳ майдоншинӣ намуда, хостаҳои худро амалӣ карда, бо фишор   моҳи майи соли 1992 Ҳукумати муросои миллиро ташкил карданд. Аммо мардуми вилоятҳои Кӯлобу Ленинобод ва водии Ҳисор Ҳукумати муросои миллиро ба расмият нашинохтанд ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид, ки 5 сол тӯл кашида, 150 ҳазор кушта, як миллион гуреза ва 55 ҳазор кӯдакро ятим гузошт, хисороти молиявӣ-иқтисодӣ 10 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод.

Барои сохтани давлати исломӣ он солҳо аз ҷониби наҳзатиҳо Мирзохуҷа Низомов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Муҳаммадшоҳ Искандаров, Абдулло Раҳимов,  Иброҳими Ёрибек, Мирзо Зиёев, Эшони Нозим, Намоз Қурбоналиев, Раҳмон Сангинов, Мансур Муаккалов, Саламшо Муҳаббатов ва боз садҳо нафари дигар меҷангиданд. Ин қумондонҳо, ки аз маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон буданд, минтақаҳои алоҳидаро тасарруф карда, миёни ҳамдигар ҳам рақобат доштанд. Роҳбарони сиёсии онҳо Саид Абдуллои Нурӣ, Акбар Тураҷонзода, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Давлат Усмон, Эшони Саидқиёмиддини Ғозӣ ва боз даҳҳо нафари  дигар кишварҳои арабӣ ва Эрону Покистону Афғонистонро макони зисти худ интихоб  намуда,  аз хоҷагони хориҷӣ пулу пайса пайдо мекарданд, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ харидорӣ карда, ба дасти ҷавонони хунсарди беандеша медоданд ва онҳоро ба Тоҷикистон мефиристоданд, то ки дар Ватан миллати худро ба хоку хун кашанд. Худашон бошанд, дар меҳмонхонаҳои панҷситорадор ва хонаҳои хуштарҳи замонавии харидаашон истиқомат карда, бо духтарони ноболиғи муридонашон фароғат мекарданд. Ин “пешвоёни миллат” фарзандони худро ба ҷиҳод нафиристода, ба таҳсил ба мадрасаҳои бузурги исломӣ ба Мисру Шому  Исломободу Қуму Макка мефиристоданд. Аз ин беадолатии муллоҳо Ризвон Садиров интиқод кард. Ӯ ба гардани ҳамаи  домуллоҳо автомати Калашников овехта мегӯяд: «Ҷангро шумо оғоз кардед, акнун рафта тинҷ намоед». Ин кори Ризвон ба наҳзатиҳо маъқул нашуд ва онҳо барои аз байн бурдани Ризвон хостанд аз эшони Ҷунайдулло, ки дар ҳайати гурӯҳи Ризвон қарор дошт, истифода намоянд.

 

ЭшониҶунайдулло дар сафи ҷангиёни “Наҷоти Ватан”

 

Ҷунайдулло, ки дар деҳаи Нилкони ноҳияи Рӯдакӣ  таваллуд шуда буд, моҳи апрели соли 1992 ба домуллову эшонҳои майдоннишин ҳамроҳ шуд. Дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ, тобистони соли 1992 дар вилояти Қурғонтеппа ва ағбаи Шар-Шару Норак дар сафи ҷангиёни «Наҷоти Ватан» бо гвардияи Кӯлоб меҷангид. Дар поёни ҳамон сол ба ҳайати гурӯҳи Ризвон  ворид гардида, ба дараи Ромит ва аз он ҷо ҳамроҳи Ризвон вориди ноҳияи Рашт мегардад. Ҷунайдулло дар ноҳияи Рашт мардумро бар зидди ҳукумат тарғиб мекард. Ба хонаҳои мардуми бумӣ даромада, фарзандони онҳоро маҷбурӣ ба ҷанг мефиристод. Нафаронеро, ки саркашӣ мекарданд, мепарронд. Ӯ бо нишондоди Ризвон Садиров аз ноҳияи Кофарниҳон сар карда, то ноҳияи Ҷиргатол рӯйхати коммунистонро тартиб дода, онҳоро бе пурсиш ба қатл мерасонд ва амволашонро ғорат мекард.

Ҳодисае аз он рӯзҳои мудҳиш ёдам омад. Вақте гурӯҳи Ризвон вориди дараи Камароб гардид, дар саршавии дара онҳоро бобои Лоиқ пешвоз гирифт. Бобои Лоиқ, ки аслан аз Камароб  буд, дар ҷавонӣ ба Туркманистон рафта, то нафақа ҳамон ҷо кор карда буд. СССР, ки пош хӯрд ӯ ба нафақа баромада, бо аҳли хонавода ба деҳаи бобоӣ кӯчида омад. Хонаи  хуштарҳ сохта, чанд оила занбӯр, гову гӯсфанд ва боғи сердолу дарахт бунёд кард. Ҳар ки аз дараи Камароб мегузашт, як пиёла чои бобои Лоиқро нӯшида, сипас роҳашро идома медод.

Мардум ҳама бо омад-омади Ризвон ва сарбозони ӯ  ба ҳар тараф мегурезанд. Аммо бобои Лоиқ онҳоро дар назди постгоҳ пешвоз гирифта, ба ҳавлиаш даъват менамояд. Онҳо вориди хонаи бобои Лоиқ шуда, хонаҳои аз хишти пухта хуштарҳ сохташуда, телевизори ҳозиразамон, қолию кӯрпаю кӯрпача ва болиштҳоро дида, ҳисси кунҷковиашон боло мегираду аз нафаре  ба чӣ кор машғул будани бобои Лоиқро мепурсанд. Он нафар аз нақшаи бадкорон ноогоҳ мегӯяд: «Умре дар Туркманистон саркор буду пулу пайса ва тиллои зиёд дорад. Ҳоло ҳам омирона ва нотарсона сухан ронданаш ҳам аз тиллодориаш аст. Бо шунидани ин хабар Ризвон ба Ҷунайдулло амр медиҳад, ки «Аҳли оилаи  бобои Лоиқро нест ва тиллоҳояшро ғорат намоед».

Бо фаро расидани шаб бобои Лоиқ, занаш кампири Зайнаб ва писарашро ба соҳили дарёи Камароб оварда, аз онҳо ҷои тиллоҳоро пурсон мешаванд. Чун ҷавоби рад мешунаванд, Ҷунайдулло онҳоро парронда, зери рег мекунад ва фардояш овоза мекунад, ки «бобои Лоиқ нооромиҳоро дида, шабона бо аҳли оилааш ба Туркманистон рафт». Бо гузаштани панҷ сол ҷасади ин се нафар аз соҳили дарёи Камароб пайдо гардид.

 

Гузаштани Ризвон ва гурӯҳаш ба хоки Афғонистон

 

Куштору ғорати зиёд дар тобистони соли 1993 боиси он гардид, ки амри қатъӣ барои аз байн бурдани Ризвону гурӯҳаш содир гардид. Вақте неруҳои ҳукуматӣ барои нобуд кардани дастаи Ризвон ба дараи Камароб ҳаракат карданд, Ризвон ба самти дараи Ғориф рафта, аз он ҷо ба дараи Ромит мегузарад. Дар он ҷо рамаҳои гӯсфандони ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияи Ҷомӣ) қарор доштанд. Бо супориши Ҷунайдулло ҳамаи чӯпонҳоро сар бурдиданд, сипас рамаҳоро ба воситаи Канаск ба ағбаи Хокистартӯда ва Каскуну Себак ронда, аз он ҷо ба дараи Ҳакимӣ ва Муҷихарфи ноҳияи Нуробод расонида, гӯсфандонро ба мардум мефурӯшанд. Вақте неруҳои ҳукуматӣ дараҳои Ҳакимию Муҷихарфро иҳота карданд, Ризвон ва гурӯҳаш аз нав ба самти дараи Ромит гузаштанд. Дар пайи таъқиби неруҳои ҳукуматӣ Ризвон ва ҳайати гурӯҳаш, ки 20-21 нафарро ташкил медод, аз болои пиряхҳо ба самти дараи Такобаи ноҳияи Ғарм мегузаранд. Дар Ҳоит 22 нафар ронандагони КАМАЗ-ҳоро, ки аз ноҳияи Турсунзода барои  картошка омада буданд, сар зада, ба ноҳияи Тоҷикобод мегузаранд. Он ҷо чанд тарафдори ҳукуматро  бо аҳли оилаи сардори милисаи ноҳия ҷисман нест карда, ба самти Тавилдара мераванд. Аз Тавилдара ба Дарвоз ва аз он ҷо вориди хоки Афғонистон мешаванд. Ҳамин тавр мардум аз шарри Ризвону Ҷунайдулло халос мешаванд, вале то ҳоло хуни садҳо нафар фарзандони диёр ба гардани онҳо бор аст. Танҳо аз оилаи Саодат Давлатова бо ҷурми тарафдорӣ аз ҳукумати конститутсионӣ 4 фарзанди маълумоти олидоштаи ӯро ба деҳаи Хушбоғи дараи Камароб оварда, парронда буданд.

 

Фурухта шудани Ризвон аз тарафи эшони Ҷунайдулло

 

Охирҳои тирамоҳи соли 1993 Ризвон Садиров бо чанд нафар сарбозонаш, аз ҷумла эшони Ҷунайдулло ба Кампи Сахӣ, аз он ҷо ба шаҳри Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мерасанд. Ризвонро Саидов Абдулло (Абдуллои Нурӣ) — роҳбари кулли ба ном ҳукумати гурезаҳои тоҷик ботантана пешвоз мегирад, зеро Ризвон қумондоне буд, ки қариб як сол дар Тоҷикистон бо неруҳои ҳукуматӣ набард кард ва имконият надод, ки неруҳои ҷангии ҷиҳодӣ пароканда шаванд. Онҳо дар шароити кӯҳсор ҷанг карда, таҷриба андӯхтанд ва нафарони навро ба сафҳои худ даъват карданд.

Роҳбарони ҲНИТ ба хоҷагони хориҷии худ гузориш медоданд, ки онҳо дар Тоҷикистон бо “кофирон” “ҷиҳод” доранд. Аз ин ҷост, ки хадамоти махсуси яке аз кишварҳои пуштибони Толибон ба Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Давлат Усмон як миллион доллар, роҳбари Ливия Муаммар Қаззофӣ ба Абдулло Саидов (Абдуллои Нурӣ) беш аз даҳ миллион доллар, роҳбарони ҳаракати ихвониёни Миср ба Эшони Саидқиёмиддини Ғозӣ як миллион доллар маблағи пулӣ доданд. Ин маблағҳоро роҳбарони ҲНИТ на ба хонаводаҳои дар ҷангҳо фавтидаи ба ном муҷоҳидон медоданд, балки барои харидани хона, занҳои ҷавони чоруму панҷум, мошин ва корхонаю муассисаҳо, дӯкону бозорҳо ва таҳсили фарзандонашон дар  донишгоҳҳои  бонуфузи кишварҳои хориҷӣ сарф мекарданд…

Наҳзатиҳо аз таҳдидҳои Ризвон хавф бурда, пинҳонӣ барои аз байн бардоштани ӯ нақша мекашанд. Аммо ҳамаи нақшаҳои аз байн бардоштани ӯ бенатиҷа анҷом меёбанд. Ризвон силоҳу муҳиммоти аз Покистон овардаи Давлат Усмонро гирифта, ба шаҳраки Баҳораки вилояти Бадахшони Афғонистон меояд. Дар давоми як соли фаъолияти Ризвон дар ин мавзеъ роҳи иртиботии Саидов Абдулло ва тарафдоронаш ба Тоҷикистон канда мешавад, зеро Ризвон ҳар нафареро, ки худро тарафдори Нурӣ ва ҲНИТ медонист, сар мезад. Дар давоми як сол он қадар тарафдорони Нуриро нест намуд, ки ИНОТ баробар ба панҷ соли ҷанг бо неруҳои ҳукуматӣ талафот дода буд. Ризвон акнун нақшаи аз байн бурдани роҳбарони наҳзат ва лидерони ҳаракати исломии Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуда, нафарони худро барои дар як вақти муайян дар Афғонистону Покистон, Эрон ва давлатҳои араб аз байн бурдани онҳо мефиристонад. Эшони Ҷунайдулло, ки барои аз байн бурдани Нурӣ фиристода шуда буд, ба хонаи Нурӣ расида, ҳамаи асрори Ризвонро мекушояд ва бо ин нақшаи Ризвон амалӣ намешавад. Ҷунайдулло ба нақшаҳои «устод»-и хунхори худ Ризвон хиёнат мекунад ва ба иваз дар назди Абдулло Саидов мартабаи калон пайдо мекунад. Ба хотири ҳамин хизмат буд, ки Нурӣ дар тақсими вазифаҳо ба Ҷунайдулло, ки он вақт ҳатто маълумоти олӣ надошт, рутбаи полковникӣ медиҳад ва ӯро барои ишғоли вазифаи қумондони полки комендантии Вазорати мудофиа тавсия медиҳад.

 

Ҳоҷӣ Ҳалим Абдуллои Нуриро бо пул мехарад

 

Ҳоҷӣ Ҳалим аз рӯзҳои аввал узви фаъоли ҲНИТ буд. Ӯ чанд  муддат дар дастаи Ризвон ҷанг намуда, баъди ба дасти неруҳои ҳукуматӣ даромадани дараи Ромит, ибтидои соли 1993 пинҳонӣ Тоҷикистонро тарк карда, вориди шаҳри Маскав мегардад. Ӯ бо ситоди Абдуллои Нурӣ дар Эрону Афғонистон алоқа барқарор намуда , аз он ҷо кумаки пулӣ гирифта, дар шаҳри Маскав барои аз назари хадамоти махсус пинҳон мондани фаъолияти ҷинояткоронааш аввало корхонаи тиҷоратӣ мекушояд. Сипас дар зери ин тиҷорат шабакаи террористӣ созмон  дода, неруҳои мухолифини Ҳукумати қонунии Тоҷикистонро мутамарказ мегардонад. Ҷавононеро, ки аз ҷангу  нооромиҳо гуреза шуда, ба Россия омада буданд, ба тарафи худ кашида, онҳоро мағзшӯӣ намуда, барои идомаи ҷанг бо неруҳои ҳукуматӣ ба Тоҷикистон мефиристод. Маҳз дар ситоди ташкилкардаи ҳоҷӣ Ҳалим нақшаи террори ин ё он шаҳрванд дар Тоҷикистон кашида шуда, сипас амалӣ карда мешуд. Ягон  амалиёт ва террори ин ё он  нафар, ки он солҳо дар дохили шаҳри Душанбе ва атрофи он ба амал омадааст, бе нақшакашии Ҳоҷӣ Ҳалим ва бе нақши дасти сиёҳи ӯ амалӣ нашудааст.

Баъди имзои  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Комиссияи Оштии Миллӣ ташкил гардид. Аз сатҳи поён то боло 30 фоизи вазифаҳо ба намояндагони мухолифин дода  шуд.  Барои хизматҳо, аз байни садҳо нафар муҷоҳидоне, ки таи панҷ сол дар кӯҳу даман, зери барфу борон ҷанг карда буданд, вазифаи қумондонии баталйони 25-ум аз тарафи Абдулло Саидов маҳз ба Ҳоҷӣ Ҳалим пешкаш гардид. Ин таъйинот боиси норозигии ҷанговарони мухолифин шуд. Аммо Абдулло Саидов (Нурӣ) ба норозиҳо мегӯяд: «Хидматҳои Ҳоҷӣ Ҳалим назди ман  аз хидматҳои ҳар муҷоҳиди дигар болотар аст».

 

Шикояти занони ҷанговарони фавтидаи ҲНИТ ба Нурӣ

Баъд аз ин байни қумондонон барои ишғоли вазифаҳо зиддият оғоз гардид. Кор ба ҷое расид, ки як рӯзи баҳорӣ гурӯҳҳои мусаллаҳи Раҳмон Гитлер ва Мансур Муаккалов ба бинои КОМ ҳуҷум карданд.

Абдулло Саидов ва дигар роҳбарони мухолифин дар Комиссияи Оштии Миллӣ вазифаҳоро танҳо ба хешу табори худ медоданд ва ё ба ин ё он намояндаи маҳали худ мефурӯхтанд. Масалан, барои роҳбарии Вазорати  кишоварзӣ шахси соҳибэҳтиром ва соҳибкасб Зардакшо Сияровро пешниҳод карда буданд ва аз ӯ барои  таъйин ба ин вазифа 20 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карданд. Чун ӯ  чунин маблағ надошт,  Ш. Кабиров, ки  дар гузашта муаллим буду ба кишоварзӣ ягон алоқае надошт ва ҳангоми нооромиҳо дар шаҳри Новосибирски  Федератсияи Россия зиндагӣ мекард, ба ин вазифа таъин гардид.

Нурӣ, ки аз давлатҳои исломӣ барои кумаки оилаҳои  муҷоҳидони фавтида маблағҳои калон мегирифт,  ба касе як танга надода, миллионҳоро байни хешу табори худ тақсим  менамуд. Як рӯз чанд зани ҷанговарони фавтидаи мухолифин ба бинои КОМ, назди Нурӣ омада, талаб карданд, ки ба онҳо аз ҳисоби хайрияҳои кишварҳои исломӣ кумак намояд. Нурӣ хунсардона ҷавоб дод, ки  «Ба Шумо ягон пайса намедиҳам».

— «Пас мо чӣ кор кунем, рӯзи сағераҳоямонро чӣ гуна гузаронем?» — паст наомада, садо баланд карданд занони башӯромада.

— Мо, ҳоло роҳи кумак расондан ба шуморо  фикр карда,  баромадем, — мегӯяд Нурӣ ва илова мекунад, ки, — маслиҳат карда,  ба хулосае  омадем, ки  занони бешавҳармондаро ба аъзои ҳизбамон ба шавҳар диҳем.

Аз ин ҷавоби Нурӣ занон ба қаҳр омада, дашномкунон бинои Комиссияи Оштии Миллиро тарк гуфтанд.

 

Ғорат шудани фабрикаи пойафзолбарории Душанбе

 

Нафарони ба Нурӣ наздик аз ҳисоби пули ҳаққи сағираҳои ҷанговарони дар ҷангҳо кушташудаи мухолифин, ки ба дасташон афтида буд, саросемавор аз паи харидану шахсӣ кардани биною фабрика, заводҳо ва заминҳо шуданд. Масалан, дар кӯчаи Рӯдакӣ бинои фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Душанбе фаъолият мекард. Дар он ҷо дар се баст то 4 ҳазор кас кор мекарданд. Ин биноро қумондони кулли мавзеи Қаротегин Мирзохуҷа Низомов харидорӣ намуд. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ бояд нафарони ӯ дар ин ҷо фаъолият намуда, ба ҳаёти мулкӣ мегузаштанд ва ба таллаю тороҷи минбаъдаи мардум хотима мегузоштанд. Аммо М.Низомов ягон нафар сарбозашро ба ин ҷо роҳ надод ва бо гузашти чанд моҳ онро ба Хазинаи Оғохон бо нархи ду миллион доллар фурӯхта, дар гӯшаҳои гуногуни шаҳри Душанбе ҳавлию хона харид. Ҳамчунин корхонаи консервабарории Душанберо харида, он ҷо як дастгоҳи ба қуттиҳо ҷо кардани чойи хушкро гузошт ва бо ҳамин фаъолияти корхона қатъ гардид. Ҳоло ин қумандони собиқи мухолифин аз пайи пайдо намудани харидори собиқ корхонаи консервабарорӣ  гаштааст. Ду фарзанди ӯ Таваккал ва Ҷумъа ба роҳзанию ғорати мардум машғул буданд. Таваккал, ки корманди гумрук дар майдони ҳавоӣ буд, ба казинои «Сомониён» ҳуҷум карда, 70 ҳазор долларро мерабояд ва Ҷумъа ба номуси шаҳрванд А. таҷовуз карда, тайи ду сол дар шаҳри Душанбе пинҳон гашта, сипас ҳудуди Тоҷикистонро тарк мекунанд ва ҳоло ҳарду дар Дубай бо тиҷорат машғуланд. Онҳо ҳоло дар пайгарди байналмиллалӣ қарор доранд. Даҳҳо силоҳдорони М.Низомов таи чанд соли дигар ба талаву тороҷи аҳолӣ машғул буданд ва танҳо пас аз соли 2011, баъди аз байн бурдани гурӯҳҳои Аловиддин Давлатов ва Абдулло Раҳимов ба ин корҳо хотима гузошта шуд. Қисме аз  ҷинояткорони дастаи ӯ кушта ва қисмаш зиндонӣ гардиданд.

Худи Саидов Абдулло аз тобеонаш қафо намонда, мағозаи бузурги «Олами кӯдакон»-ро дар шаҳри Душанбе харидорӣ намуд. Баъди харидории ӯ дар ин  мағоза савдо қатъ гардид. Ӯ онро ба туркҳо бо ситонидани маблағи калон ба иҷора дод. Сипас фарзандони Нурӣ ин мағозаро ба маблағи 4 миллион доллар ба фурӯш гузоштанд.

Дар бораи бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз худ кардани ҳазорон гектар замин, фермаҳо, иншооти муҳими хоҷагии халқ ва техника ҳоҷат ба сухан нест.

 

ҲНИТ стратегияи худро ҳанӯз дар Афғонистон тарҳрезӣ карда буд

 

Дар саргаҳи ин ҳама нооромиҳое, ки моҳҳои охир рӯй додаанд, хусусан дар ошӯби ҳоҷӣ Ҳалим ҲНИТ меистад. Онҳо ҳанӯз дар Афғонистон нақшаи стратегии худро роҳандозӣ карда буданд. Мувофиқи ин нақша бояд онҳо чунин тадбирҳоро ба кор мебурданд:

 

1.Баъди расидан ба сулҳ барои сиёсӣ гардонидани ислом шабу рӯз кор мекарданд.

2.Баъди расидан ба оштии миллӣ онҳо вориди шохаҳои гуногуни ҳукумат гардида, пинҳонӣ фаъолият мекарданд.

3.Қумондонон бояд силоҳу муҳиммоти ҷангиро захира карда, дар шароити мусоид онҳоро барои расидан ба ҳадафҳояшон истифода мекарданд.

4.Пинҳонӣ нигоҳ доштани ҷабҳаи наҳзат ё ҷиҳодӣ, дар сурати зарурӣ дар кӯтоҳтарин  муддат ҷамъ намудани онҳо.

 

Чуноне ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ин ҷабҳаҳои исломӣ баъди ба истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ расидан  то соли  2011, яъне то аз байн бурдани гурӯҳҳои Иброҳим Ёрибек бо лақаби «Шайх» дар ноҳияи Тоҷикобод,  С.Азизов, Мирзо Зиёев дар ноҳияи Тавилдара, Аловиддин Давлатов, Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) ва Сайриддин Азизов дар ноҳияҳои Нурободу Рашт фаъол буданд. Қариб ҳар рӯз намояндагони ин ҷабҳа ба воситаи ВАО ба Ҳукумати  Тоҷикистон фишор меоварданд.

Аз соли 2010 сар карда, Ҳоҷӣ Ҳалим барои аз нав ташкил кардани ин ҷабҳа дар водии Ҳисор, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат ва Рӯдакӣ талош мекард. Ӯ бо ин мақсад собиқ размандагони мухолифинро пайдо карда, бо онҳо суҳбат мегузаронд, кумаки молӣ-пулӣ мерасонд, онҳоро дар корхонаи нонпазӣ, тарабхона, ферма, фабрикаи мурғпарварӣ,  хоҷагии деҳқонӣ ва боғоти зиёдаш ба кор таъмин мекард. Масалан, ҳангоми амалиёт дар дараи Камароби ноҳияи Рашт яке аз ҳаммаслакони Абдулло Раҳимов —   Сафаров Маъдӣ Саъдиевич дастгир шуд. Ҳоҷӣ Ҳалим аз вазифаи давлатиаш истифода карда, ӯро аз дасти кормандони амниятӣ озод карда, ба бӯстонсаро ва фермаи худ оварда, ба кор таъмин намуд. Ҳамин тавр, Ҳоҷӣ Ҳалим рӯйхати собиқ муҷоҳидинро дар саросари ҷумҳурӣ тартиб медод ва ҷабҳаи ҷиҳодиро дар Тоҷикистон нигоҳ медошт. Ӯ соли 2010 барои бо силоҳ таъмин намудани  гурӯҳи  Аловиддин Давлатов ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) ба дараи Камароби ноҳияи Рашт зиёда аз дусад автомати Калашников ва силоҳу муҳиммоти дигари ҷангӣ фиристода буд.

 

Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИТ, омодагӣ ва фурсатҷӯӣ

 

Ҳоҷӣ  Ҳалим ба Ҳизби Наҳзати Ислом ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ таваҷҷуҳи хос дошта, пайваста бо роҳбарони ҲНИТ алоқаи пинҳонӣ мекард. Аз онҳо дастуру супориш мегирифт. Вохӯриҳои онҳо бо баҳонаи дидорбинии кӯтоҳмуддат ҳангоми хӯроки нисфирӯзӣ ва ё бегоҳӣ дар хонаи ин ё он тарафдорашон сурат мегирифт. Ҳоҷӣ Ҳалим ҳар рӯз бо ҳамин мақсад хӯроки нисфирӯзиро дар як гӯшаи шаҳр гузаронида, аз вазъи тарафдоронаш огоҳ мегашт ва барои омодабошии онҳо дастуру супоришҳо медод.

Мақсади асосии роҳбарони ҲНИТ таъсиси давлати исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вақте ки онҳо 30 фоизи  вазифаҳоро дар мақомоти давлатӣ соҳиб гардиданд, талаб доштанд, ки калимаи «дунявият» аз Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ гардад. Соҳибдонишҳои ҳукуматӣ медонистанд, ки агар  калимаи «дунявият» аз Конститутсия берун гардад, он гоҳ низоми сиёсии кишвар, давлатдории тоҷикон тағйир мехӯрад. Аз ин ҷост, ки бо вуҷуди таҳдидҳои таҳдидҳои онҳо ин талабашон бенатиҷа ба анҷом расид. Аммо ин онҳоро ноумед накард. Онҳо дар ҳама ҷо аз номи 99 фоиз аҳолии мусулмони Тоҷикистон ҳарф мезаданд, худро намоянда ва ҳимоятгари манфиатҳои онҳо муаррифӣ мекарданд.

Аз аввали соли 2010 ҲНИТ тактика ва стратегияи фаъолияташро дигар кард. Роҳеро пеш гирифт, ки бояд ба василаи тарғиб ҷомеаро исломӣ карда, сипас ҳангоми интихобот овозҳои бештари электоратҳоро соҳибӣ намуда, вориди Парлумон  мегашт. Бо ин мақсад аз ҳисоби ҷавонон, занон ва домуллоҳо гурӯҳҳо ташкил намуда, дар саросари кишвар корҳои таблиғотиро ба роҳ мемонданд. Бахусус бибиотунҳои тайёркардаи наҳзатиҳо ҷойи бибиотунҳои анъанавиро гирифта, ба воситаи тарғиботи занон ба оилаҳои тоҷик баҳузур ворид шуда, бо ин восита насли навро ба худ моил мекарданд. Биҳишт ваъда карда, гӯё ҳама чиз ба воситаи онҳо ҳал мешуда бошад, мардумро гумроҳ мекарданд. Аз мардон даъват ба амал меоварданд, ки риш монанд, занону духтарон ҳиҷоб, чодар ба сар кашанд. Ба ҷавонон талқин мекарданд, ки аз оила барпо кардан бо духтарони ба таври аврупоӣ либоспӯш худдорӣ намоянд. Агар мушоҳида карда бошед, вақтҳои охир маҳз духтарони ҷавон ба пӯшидани ҳиҷоб бештар рағбат пайдо карда буданд. Аз ин ҳисоб сафи занони ҳиҷобпӯш афзоиш меёфт. Аксари мардони аъзои ҲНИТ аз 1 то  4 зан доштанд. Аз ин ҷост, ки дар маҳалҳо ҷавондухтарони то синфи 9 таҳсил карда, дигар паи омӯзиш ва таълим намешуданд. Онҳо бештар ба ҷанбаи диндорӣ диққат медоданд.

 

Дин аз сиёсат бояд ҷудо бошад

Имрӯз дар олами муосир ҳамон кишварҳое ба сатҳи болои тараққиёт расидаанд, ки модарон маълумоту маърифати баланд доранд. Сатҳи тарбияи шаҳрвандон, умуман миллаташон дар сатҳи болост. Аммо дар он кишварҳое, ки сатҳи дониши модарон паст аст, фарзандҳои онҳоро ҷомеа ё кӯча тарбия мекунад. Кор ба ҷое расида буд, ки мардум дар кӯчаҳо рӯирост гузаштаи пурғановати худро инкор мекарданд. Масалан, чанде пеш назди дӯстам Олим, ки  дандонпизишк аст, рафтам. Ӯ корашро саросемавор иҷро мекард. Сабаб пурсидам. Ӯ гуфт, ки раиси маҳалла аст. Ҳоло бояд ба зудӣ ба маҳалла равад. Он ҷо маросими аз нав номгузорӣ  ба як пирамарди 80 сола баргузор  мегардад. Он пирамард Ҷамшед ном дорад. Акнун пирамарди бечораро муллоҳо  тарғибу  ташвиқ кардаанд, мехоҳанд, ки  пеш аз вафоташ номи «маҷусӣ»-и худ Ҷамшедро ба номи исломии – Абубакр иваз намояд, то ки дар он дунё аз ҳазрати Абубакр шафоату башорат  ёбад. Аҷаб мантиқе,  ном шафоат мекардааст.

Боре барои гузоридани намози ҷумъа ба масҷиди  деҳаи Шулмаки ноҳияи Рашт рафтам. Хатиби масҷид  Абдухолиқзода рӯирост аз мардум даъват мекард, ки ба забони арабӣ  рӯ оранд.   Агар касе нияти намозро бо забони тоҷикӣ хонад, Аллоҳ  намози ӯро  қабул намекунад. Аммо касе ҷуръати гап задан намекард ва ҳама бо ишораи сар гуфтаҳои ин «мавлавӣ»-и беномуси охирзамонро тасдиқ мекарданд.

 

ҲНИТ ва Ихвон-ул-муслимин – ду ҷониби як танга

 

Роҳбарон ва аъзои  ҲНИТ  ба ҳама ҳаракат ва ҳизбҳои сиёсии исломии ифротгарои дунё назари нек доштанд. Онҳо худро бо «Ихвон-ул-муслимин»-и Миср ду ҷониби як танга медонанд. Аз ин ҷост, ки раиси он  М.Кабирӣ пайваста дар ин ё он кишвари исломӣ меҳмони гурӯҳҳои ихвониҳо шуда, фаъолияти худро ба онҳо якхела ва баробар роҳандозӣ мекард. Ёд дорам вақте, ки намояндаи ихвониҳо дар Миср барандаи  курсии президенти ин кишвар гардид, раиси ҲНИТ ба Миср рафта, Мурсиро табрик гуфт ва ба ВАО эълом дошт, ки «дар сурате, ки ихвониҳо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шабакаи террористӣ мамнӯъ эълон гардидаанд, чӣ гуна метавонанд, ки дипломатҳои олирутбаи мисрӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд». Хушбахтона, мардуми Миср аз ниятҳои шуми ин нимчамуллоҳо огоҳ шуда, саркардагони ихвониҳоро ба ҳабс гирифта, давлати Мисрро ба мардумони он баргардониданд.

Ҳоло муҳоҷират дар кишвар ба як раванди табиӣ табдил ёфтааст. Ин равандро намояндагони ҲНИТ чун абзор ба муқобили ҳукумат истифода мекунанд. Дар бисёр масъалаҳо наҳзатиҳо аз адолату воқеият дур  рафта, ҳама гапро ба сиёсати худашон мувофиқ шарҳ дода, ҷавонони бетаҷрибаро гумроҳ мекунанд. Раиси ҲНИТ ва намояндагони он пайи ҳам ба шаҳрҳои гуногуни Русия сафар карда, Ҳукумати ҷумҳуриро барои сохтани масҷиди калону муосир бо маблағгузории Қатар мазаммат мекард, ки чаро заводу фабрика насохта масҷид месозед. Гарчанде маълум аст, ки  пулҳои барои ин масҷид ҷудошударо намешавад ба дигар мақсад сарф кард. Сабаби паст будани сатҳи зиндагӣ ва қашшоқии як идда мардуми кишварро ба фаъолияти ҳукумат рабт медоданд. Ҷавонони гуногун ба ақидаҳои онҳо дода шуда, рӯ ба ифротгароӣ меоварданд. Аз ин ҷост, ки ифротӣ шудани ҷавонон ва умуман шаҳрвандон аз дохили  Тоҷикистон дида, дар Русия ва дигар кишварҳо садҳо маротиба баландтар аст. Як хонуми шиносам С. нақл кард, ки фарзандонаш баъди ба Русия рафтану омадан ба сари ӯ мушт мебардоранд ва ӯро ба тарзи пӯшиши исломӣ маҷбур мекунанд.

Роҳбарони ҲНИТ ин равандҳоро таҳлил карда, сиёсати  қадам ба қадам  сӯи исломи ифротгароро роҳандозӣ кардаанд. Аз ин ҷост, ки аллакай ин сиёсат барои  низоми дунявият хатар эҷод кардааст, зеро солҳои охир дар ҳама ҷо шоҳиди пурқувватшавии  системаи  қонунҳои ислом мегардем, ки ин маънои  печидани аҳолӣ ба идеологияи радикалии диниро дорад. Албатта, дар кишвари мо ҳеҷ кас зидди дини ислом нест. Вале наҳзатиҳо ҷиҳодро чун як омили асосии расидан ба ҳадафҳои исломӣ тарғиб менамоянд. Аз ин ҷост, ки садҳо ҷавонони кишвари мо барои ҷиҳод ба  Сурия рафтаанд.

 

Чӣ бояд кард?

 

 Барои пеши роҳи дубора пайдо шудани наҳзатиҳоро дар ҷомеа гирифтан чораҳои  зерин бояд амалӣ шаванд:

 

1.Ҳукумат бояд ташаббуси ташкили низоми нави тафсири қонунҳои Исломро, ки ҳамаи арзишҳои  динӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро фаро мегирад, ба зиммаи худ гирад, мавқеъ ва нақши исломро дар  сохтор ва  муносибатҳои давлатӣ, динию идеологӣ муайян  намояд.

2.Ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз  давлат, дин аз сиёсат.

Аксари муллоҳои Тоҷикистон худ мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ ба сар баранд ва ислом сиёсӣ набошад. Аз ин ҷост, ки дар интихоботи охири парлумонӣ ҲНИТ 1,5% овозҳои интихобкунандагонро соҳиб гардид ва онҳо натавонистанд ба Парлумони кишвар роҳ ёбанд. Яъне миллати тоҷик иродаи сиёсии қотеъ ва фарҳанги сиёсии баланд нишон дода,  пойбанд набудани худро ба ягон идеология дар асоси Сарқонуни бо иродаи мардум қабулшуда нишон дод. Таҳлилгарон баъди ин ба хулосае омаданд, ки бо ҳамин  давраи инкишофи исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба охир расид ва минбаъд мардуми мусулмони Тоҷикистон аз ақидаҳои ҷиҳодӣ ва мусулмонкушӣ худро дур нигоҳ хоҳад дошт. Мардум ба худованд имон доранд, на ба одамкушони муосир, ки  худро зери парчами ислом пинҳон доштаанд. 

 Қудратулло  Собирзода

               

 

Октябрь 17, 2015 07:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад