Калиди дари ганҷинаҳо

Октябрь 5, 2015 10:49

Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Мусоҳибаи мухбири АМИТ “Ховар” бо Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло перомуни масоили забон.

Савол:Дар оғоз мехостем бигӯед, ки аз назари Шумо забони тоҷикӣ дорои чӣ арзишҳост. Ва ин забон дар муқоиса бо забонҳои дигар чӣ хусусиятҳои хос дорад?

Ҷавоб: Яке аз нишонаҳои бунёди миллат ва далели мавҷудияти ӯ забони ӯст. Ҳар халқро, пеш аз ҳама, аз рӯйи забонаш мешиносанд. Яъне ҳуҷҷати ҳастӣ, ҳуҷҷати ҳувияту асолати ҳар халқ забони ӯст.

Забони тоҷикӣ ё дарӣ, форсии дарӣ аз қадимтарин забонҳои дунёст, ки марҳилаҳои дуру дарози таърихиро тай намудаву такмил ёфтаву ба яке аз забонҳои қавӣ ва оламшумул табдил ёфтааст. Забоне, ки қимату арзиши худро дар тӯли таърих нишон додааст ва собит намудааст, ки яке аз забонҳои арзишманди қадимаи дуёст. Ва имрӯз ҳам ин забон соҳиби нуфуз ва обрӯи хеш аст. Забоне, ки беш аз ҳар забони дигар мавриди таҷовузу таҳоҷуми аҷнабиён қарор гирифта, аммо ҳувияти худро аз даст надодаву пойдору бегазанд аз обу оташи замонаҳо гузаштааст.

Мегӯянд дар дунё се забон хосияти хоси башарӣ дорад: забони англисӣ, ки забони сиёсат аст, забони фаронсавӣ, ки забони ишқ аст ва забони тоҷикию форсӣ, ки забони адабу шеъри оламгир аст. Албатта, ин баҳо боиси ифтихору сарбаландии мост ва воқеан чунин ҳам ҳаст.         Арзиши забони модарӣ, пеш аз ҳама, барои тоҷикон фавқулода бузург аст. Мо ҳама мадюни забони модарии хеш ҳастем. Агар тоҷик бо ҳама ҷабрҳои таърих, бо ҳама хунрезиҳову тохту тозу тороҷу ғоратҳое, ки бар сараш омад, имрӯз чун миллат зиндаву соҳиби истиқлолият, соҳиби давлати хеш аст, пеш аз ҳама ба шарофати забонаш аст. Халқи тоҷик ҳама дороиҳои худ, шаҳрҳои бузург, заминҳои ободи худро аз даст дод, аммо забонашро нигоҳ  дошт. Дар навбати худ забони тоҷикӣ миллати тоҷикро зинда дошт. Чун мардум забонашро зинда дошт, ба шарофати забон таърих, илму фарҳанг, маърифат, адабиёт, ҳунарҳои воло, суннату одоби неки худро зинда дошт. Ин аст, ки забони тоҷикон наҷотбахши тоҷикон аст, зеро ин халқ тавонист ҳама дороӣ, ҳама арзишҳои инсонии худро дар забонаш ҷо кунад ва бо ин забон худро ҳифз карда тавонад. Ин ҳамон мавридест, ки халқ забонро зинда дошт, забон халқро.

            Банда ҳанӯз дар замони Шӯравӣ навишта будам:

Эй забони тоҷикон – хуни равони тоҷикон,

Аз тамоми бенишониҳо нишони тоҷикон…

Давлати пояндаи тоҷик фақат андар ту монд,

Рафтаву ояндаи тоҷик фақат андар ту монд.

Савол: Оё метавон арзиши забони тоҷикӣ, хусусиятҳои хоси онро мушаххастар нишон дод?

Ҷавоб: Бешубҳа. Арзиши забони тоҷикӣ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки забони тоҷикӣ ҳанӯз аз қадим, аз замонҳое, ки  бисёре аз қавму миллатҳои имрӯза фарҳангу илму адаб ва забони комили худро надоштанд, забони адабиёт, забони илму маърифат, забони маорифу маданияти як миллати бостонӣ буд. Бо ин забон қадимтарин дастовардҳои илмиву адабиву дидактикии инсоният эҷод гардидаву маҳфуз мондаанд. Агар ҳамин таърихи навини беш аз ҳазорсоларо гирем, бо ин забон Одам-уш-шуаро, устод Рӯдакӣ асарҳои безавол эҷод кардаву бунёди шеъри адаби форсиро гузоштааст. Бо ин забон яке аз бузургтарин асарҳои оламшумули дунё “Шоҳнома”- и Ҳаким Фирдавсӣ таълиф ёфтааст. Бо ин забон аз ҳама серхонандатарин асари олами имрӯза- “Маснавӣ”- и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ эҷод гардидааст. Бо ин забон бузургони олам: Хайём, шайх Абӯали Сино, Носири Хисрав ва Саъдии Шерозӣ, Ҳофизу Камол ва бисёр бузургони дигар, шоирон, файласуфон, риёзидонҳо, ситорашиносон, табибон асарҳои безавол иншо намудаанд, ки ба хазинаи бегазанди маънавии олам ворид шудаву мӯҳри абадият дар онҳо нақш бастааст.

Савол : Ин ҳама шоҳкориҳо, хазинаи илмиву ирфонии гузаштагони мо оё метавонанд аҳамияти имрӯза дошта бошанд? Оё вақти онҳо нагузаштааст?

Ҷавоб : Ман гумон мекунам, ки бисёре аз асарҳои бузургони мо аз ҷиҳати моҳият имрӯзитар аз асарҳои моянд. Аҳамият диҳед ба ин рубоии устод Рӯдакӣ:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!

Ин рубоӣ қариб ҳазору дусад сол пеш гуфта шудааст. Аммо чанд вежагии онро ба Шумо таъкид мекунам. Аввало дар ин рубоӣ ягон калима, ягон мафҳуму маъно баъд аз гузашти ҳазор сол ба шумо нофаҳмо нест. Ҳамаи ин вожаҳо дар истифодаи забони имрӯзии моянд. Ин баён, ин забон ҳамон баёну забони имрӯзии мост. Баъд аз ҳазору анд сол забони шеъри Рӯдакӣ, яъне забони замони ӯ бо ҳамон покиву зулоливу фаҳмоиву равшанӣ ба мо расидааст.

Вежагии дигари ин рубоӣ дар он аст, ки гӯиё барои имрӯз гуфта шудааст ва ба дарди имрӯзи мо, сиёсати Ҳукумати мо ва хусусан ҳадафҳои инсондӯстонаи Сарвари кишвари мо, ки пайваста ятимону бепарасторон, камбизоатону эҳтиёҷмандонро дастгирӣ мекунад, мувофиқ аст. Дар ин маврид хиради хуҷаста ва неку олии устод Рӯдакӣ бо хиради хуҷаста ва ниятҳои волои инсондӯстонаи Сарвари кишварамон тавъамон омадаанд.

Дар ҳеҷ миллате ва ё ҳеҷ забоне чунин эъҷозро намебинед, ки бо гузашти асрҳо забон чунин покиза бимонад.

Масалан, русҳо қадимтарин асари бадеии худ “Слово о полку Игорове”- ро.  ки дар асри 11 навишта шудааст, дар тарҷума аз забони пешинаашон ба забони имрӯзаашон мехонанд, зеро забони русӣ дар ин байн хеле тағйир ёфтааст, то ҷое, ки барои мардуми имрӯза куллан нофаҳмост. Аммо  мо асарҳои безаволи гузаштагони худро баъди беш аз ҳазору чанд сол  бевосита мехонему мефаҳмем. Ва онҳо моҳияту мазмуну ҳадафҳои худро на ин ки гум накардаанд, балки, баръакс, қадрашон боз ҳам баландтар гаштаву ба дарди мардум мехӯранд.

Як байти устод Рӯдакиро, ки дар он, гӯё тамоми ҳикмату андарзи гузаштагон ҷой ёфтааст, метавон дар сақфи Вақт, дар пештоқи ҳама давру замонҳо овехт ва ин байт мардумро аз ҷодаи асрҳо роҳнамо хоҳад буд ва ҳеҷ кӯҳна нахоҳад шуд:

Ҳар ки н- омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Байт ва  рубоие, ки аз  устод Рӯдакӣ мисол овардем, асрҳост, ки вирди забони мардуманд, аммо дилбазан ва ё кӯҳна нашудаанд. Ва боз асрҳои дигар, ман аминам, ки вирди забон хоҳанд буд ва ба дарди мардум хоҳанд хӯрд. Ин аст  эъҷози забони тоҷикӣ, эъҷози сухан ва эъҷози шеъри устод Рӯдакӣ ва дигар бузургони мо .

Савол :  Дарвоқеъ, бузургони мо хеле заҳматҳо кашидаанду кӯшишу ғайрат ба харҷ додаанд, ки ин забонро садсолаҳо покизаву шаффоф нигоҳ дошта, ба насли мо расонанд. Оё мо имрӯз метавонем бигӯем, ки меъёрҳои забони тоҷикиро ба мисли гузаштагон риоя мекунем, метавонем бигӯем, ки мо низ забони муқаддаси гузаштагонро бад-ин зулолӣ ба фардоиён мерасонем?

Ҷавоб :Забоне, ки дар тӯли таърихи хунину гарону пурфоҷиа тавонист худашро ҳимоят кунад, маҳфуз дорад ва такмил ёбад, дар оянда низ худро нигоҳ хоҳад дошт ва сара хоҳад кард. Хусусан, ки имрӯз истиқлолият ёфтаву мақоми давлатӣ гирифтааст. Аммо ин бе кӯшиши мову шумо ва масъулиятшиносии кулли мардум даст нахоҳад дод. Имрӯз дар замони ҷаҳонишавиву таҳдидҳои дигаре, ки ба суннату анъанаву расму одоб ва забони мо фишорҳо меоранд, наметавон бе кӯшиши аҳли ҷомеа, аҳли сухан, илму адаб ва зиёиён аз ин марҳилаи мураккаб тозаву беосеб убур кард.

Истиқлолияти миллӣ ба мо имкониятҳои эҳёи дубораи миллатамонро фароҳам овард. Яке аз аввалин иқдомҳои шоистаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ буд. Дар баробари ин чорабиниҳои зиёди илмиву фарҳангиву адабӣ, таҷлили ҳамасолаи  Рӯзи забон, таҷлили Наврӯзи Аҷам, таҷлили бузургдоштҳои шахсиятҳои барӯманди адабиву илмӣ, ки бо ҳадафи таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ баргузор мегарданд, барои таҳкиму рушду нумӯву покизагии забони адабии тоҷик имкониятҳои хубро фароҳам меоранд.

Яъне, аз ҷониби Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари кишвар  ҳамаи чораҳо дида мешаванд, ки забони тоҷикии мо дар мақоми давлатӣ устувору поянда бошад. Имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар мо бояд бо дарки баланд, масъулиятшиносӣ дар ҳифзу рушди забони модарӣ – забони давлатиамон бошем. Забони мо бояд  оинае бошад, ки дар он сиёсат, иқтисодиёт, илм ва иҷтимоиёт, муносибату муоширати мо таҷассуми зебову дурахшони худро ёбад, зеро ҳамин забон аст, ки зоҳиру ботини моро ба ҷаҳониён таҷассум мекунад.

Савол : Оё Шумо аз забони мардум, аз забони ҷомеа, забони кӯчаву бозор, он чи мешунаведу мебинед, қаноатманд ҳастед?

Ҷавоб: Мутаассифона, наметавонам бигӯям, ки ман аз забони омма қаноатмандам. Аз чанд ҷиҳат.

Аввалан, забони муоширати мо, ба назари ман, дар муқоиса бо мардуми дигари олам хеле дағал мебошад. Ҳатто дар муқоиса бо ҳамзабононамон. Инро хусусан баъд аз сафарҳо ба кишварҳои пешрафтаи дунё метавон бештар эҳсос кард. Ду англис ё ду амрикоӣ байни худ хеле меҳрубонтару нармтар суҳбат мекунанд, нисбат ба мо онҳо суханҳоро бо нармӣ ва меҳру эҳсоси самимӣ ба забон меоранд. Истифодаи вожаҳои қабеҳ, таҳқиромез, ба иззати нафс расанда ва ҳақорат дар забонҳои мардуми дигар хеле кам ба назар мерасад ё аслан мушоҳида намешавад. Мо дар муқоиса бо ҳамзабонони худ ҳам хеле забони дағалу дурушт дорем. Суҳбати ду эронӣ дар байни ҳам хеле нармтару самимтар аз суҳбати байни худи мост. Чӣ ҷойи пинҳон кардан ва нодида гирифтан аст, ки мо дар кӯчаву бозор, дар хонавода ва ҳатто дар корхонаҳо баъзан беэътиноёна, асабонӣ ва ҳатто бо лафзи қабеҳу ҳақорат сухан мекунем, ки хеле ношоиста аст барои  миллате, ки соҳиби чунин забони оламшумул ва бузургони адаб аст. Ҳол он ки бузургони мо  беш аз намояндагони ҳар қавму миллати дигар дар хусуси одоби гуфтору рафтор дастурҳои бебаҳои омӯзанда барои мо ба ёдгор гузоштаанд.

Дуюм, эроди мо ба истифодаи нодурусту пурғалати вожаҳо дар забони имрӯзии мост, ки ин падида бештару шигифтангезтар аз пешин аст. Ба ҷойи кам шудани истифодаи барғалати вожаҳо дар чанд соли охир ин падидаи номатлуб, ки боиси коҳиши забони мо шудан дорад, меафзояд. Ва дар ин кор расонаҳо, васоити ахбор, рӯзномаву нашрияҳо, радиову телевизион ва ҳатто шахсони масъули алоҳида низ шарику гунаҳгоранд.

Истифодаи барғалати вожаҳои хурока,пӯшока ҳарчанд борҳо ба таъкид ба онҳо эрод гирифта шудааст, бештар мешавад. Борҳо таъкид шуд, ки “хӯрока” неву хӯрокворӣ , “пӯшока” неву либос ё либосворӣ бояд гуфт, зеро ин тарзи калимасозӣ бемаънӣ буда, дағалона вайрон кардани меъёрҳои забони тоҷикист.
 

Борҳову борҳо таъкид шуд, ки истифодаи вожаи “нисбати” бе пешоянду пасоянд ғалат аст, зеро вожаи нисбат алоҳида бар сари худ маънои мансубият ё қиёсро медиҳад. Бинобар ин “дар нисбати” ё “нисбат ба” бояд гуфт. Истифодаи бе пешоянду пасоянди он ноқис аст. Ҳаст мавриде, ки вожаи “нисбат” бе пешоянд меояд, аммо он маврид дигар аст. Масалан “нисбат додан” – и чизе.

Дар хусуси нодуруст истифода бурдани вожаҳо дар забони имрӯзаи мардум ва матбуот аз устод Айниву Деҳотиву  Раҳим Ҳошим, Тӯрақули Зеҳнӣ то ба Муҳаммадҷон Шакуриву  Баҳриддин Камолиддинов, Абдураҳмони Абдуманнону Рустами Ваҳҳоб мақолаҳо навиштаанду навиштан  доранд. Аммо, мутаассифона, ин падидаи номатлуб то ҳол дар забони мо идома дорад. Ё қаламкашони мо ин мақолаҳоро намехонанд ё мехонанду масъулият надоранд.

Метавон далелу мисолҳои зиёде овард, ки имрӯз истифодаи нодуруст ва бесаводонаи вожаҳо забони поки моро дағалона вайрону олуда мекунанд, аз арши баланд ба хоки сиёҳ мезананд ва бо ин зиёни беҳисобе ба маънавиёту   ганҷинаи забони ҳазорсолаамон мера — сонанд. Ва ин гуноҳест аслан нобахшиданӣ. Беҳтараш чунин ҷаридаҳо чоп нашаванд ё баста гарданд, зеро зиёнашон ба забони модарии мо бештар аз манфиаташон мерасад. Ва оқибат барои ин гуноҳи кабир бояд ҷаримаҳое муайян ва роҳандозӣ намуд, то шояд оқибат пеши роҳи ин хиёнат ба  забони модарӣ гирифта шавад.

Албатта, покизагии забону баланд бардоштани маданияти сухан ба  саводу маърифати ҷомеа вобастагӣ дорад. Ҳаминро ба назар гирифта, дар кишвари мо “Қонун дар бораи масъулияти падару модар” қабул гардида, Ҳукумати Тоҷикистон ба нақши мактабу маориф ва омӯзгор аҳамияти махсус медиҳанд ва ғамхориву дастгириҳои хосса зоҳир мекунанд. Ин аст, ки мо ба оянда некбин ҳастем.

Савол: Оё нақши адабиёт ва адибонро дар ин пероя, дар мавриди рушду такомули забони муосири тоҷикӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ҷавоб: Шумо хуб медонед, ки адибон дар эҳё, рушду такомули забони модарӣ шояд нақши аз ҳама муҳимро гузоранд. Пӯшида нест, ки меъёри баҳогузорӣ, арзишу қимат ва сатҳи ҳар забонро бештар аз рӯи асарҳои адибони он миллат муайян мекунанд. Хусусан забони форсии тоҷикӣ, ки бунёдашро классикони адабиёту илми гузашта ниҳодаанд.

Дар замони Шӯравӣ ва баъд аз он то имрӯз низ адабиёти бадеӣ оинаест, ки дар он бурду бохти забони тоҷикӣ бештар намудор аст ва таъсиру саҳме, ки каломи бадеъ, асарҳои адибони варзида ба забони муосир мегузоранд, ҷои баҳс надорад.
 

Дар яке аз ҷаласаҳои садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки 15-уми июни соли 2011 барпо шуд, сухан аз забони насру назми адабиёти муосир, хусусан ҷавонон мерафт ва дар ин ҷамъомад адибони варзида аз камбудиҳои забони адибони муосир, хусусан ҷавонон табодули афкор доштанд.

Дар давоми 24 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар забони адабии муосир, чи дар наср, чи дар назм дастовардҳои тозаеро метавон мушоҳида намуд. Хусусан аз ҳисоби вожасозии адибони соҳибқалам бисёр калимаву ибораҳои тоза вориди забони адабии мо гардиданд. Тарзи нави баёну ифодаи афкору андешаҳо эҷод гардид. Аммо таҳқиқи ин мавзӯъ омӯзиш ва суҳбати алоҳидаро мехоҳад, ки шояд дар оянда фурсат ба иҷрои он даст диҳад.

Савол: Омӯзиши забон аз ҷониби ҷавонон шояд яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва муҳимтарине бошад, ки камолоти ҷавонон, рушди саводу маърифати онҳоро наметавон бе он тасаввур кард?

Ҷавоб: Дуруст аст. Ҳар касе, ки забони модарии худро хуб намедонад ва ба ин забон осори гузаштагону муосиронро хондаву дарк карда наметавонад, ӯ ба ҷое нахоҳад расид ва дар ҳеҷ соҳае комёб нахоҳад шуд. Барои он ки шумо забонҳои дигарро комилан дониста тавонед, бубояд аввал забони модарии худро комилан бидонед, вагарна забондонии шумо ва омӯзиши шумо ҳама илму касбу корро нокомил хоҳад монд.

 Шумо вақте як забонро бо ҳама нозукиву хусусиятҳояш хуб медонед , соҳиби калиди як хазинаи бузург мешавед. Агар ду забонро донед, соҳиби ду калид ва ду хазина хоҳед буд. Ҳамчунин агар се забонро бидонед, шумо инсони доротаре ҳастед, ки соҳиби калиди хазинаи сеюм ҳам гардидаед. Имрӯз ҷавонони мо имконият доранд, ки аввал забони модарии хуро хуб биомӯзанд, сипас дар асоси он забонҳои дигари оламро аз худ кунанд.

Савол :  Дар охир ин суҳбати моро чӣ гуна мехоҳед ҷамъбаст намоед.

Ҷавоб : Боқии гапро дар чанд мисраи шеъре, ки банда ба унвони “Ҳуҷҷати бунёди мо” навишта будам, ба поён мерасонам.

Миллати тоҷикро аслан забонаш зинда дошт,

Чунки ӯ ҳам ин забонро ҳамчу ҷонаш зинда дошт.

То забони мардуми аҳли биҳишташ хондаанд,

Халқ онро чун каломи ҳақ ба ҷонаш зинда дошт.

Ӯ раҳи иқболи моро дар шаби таърихи тор

Бо дурахши озарахши вожагонаш зинда дошт,

Кохи шаъну эътибори миллати фархундаро

Устувони ин забон чун устухонаш зинда дошт.

Ҳуҷҷати пирӯзии мо, ҳуҷҷати бунёди мост,

Ин забоне, ки ҷаҳонро дар ҷаҳонаш зинда дошт.

 

Октябрь 5, 2015 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст