Кумаки Кумитаи имдод ба осебдидагони Шуғнон
Душанбе, 22.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 21 октябр Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ бо ҳамроҳии раиси Дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Сайидмаҳдӣ Ибодӣ барои эҳдои кумакҳои Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба осебдидагони сел дар ноҳияи Шуғнон ба Бадахшон сафар намуданд,
Зимни сафар бо ҳузури раиси вилояти Бадахшон Шодихон Ҷамшед, раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёев ва масъули шохаи бадахшонии Дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ (р) Ҳалим Ҷамшедов ба 100 хонаводаи осебдида 94 тонна ангишт барои зимистон, 100 сабад маводи хўрокӣ, 100 адад қолини 2 ба 3 ва 100 адад кӯрпа ҳадя шуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






