Лоиҳаи ТБМ- «Татбиқи стратегияи тайёрии касбии гурӯҳи 20»
Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» 20 октябр оид ба лоиҳаи Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат «Татбиқи стратегияи тайёрии касбии гурӯҳи 20» семинар баргузор гардид.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистои бо дастгирии лоиҳаи Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат «Татбиқи стратегияи тайёрии касбии гурӯҳи 20» натиҷаҳои таҳқиқотро оид ба арзёбии талабот ба салоҳиятҳо дар мисоли се соҳаи иқтисодиёт дар минтақаҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе муаррифӣ намуд.
Аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази иттилоотию таҳлилии «Сотссервис» раванди ташкили роҳнамоии таҳқиқот ва ҷамъбасти натиҷаҳои он дастгирӣ шуд.
Пурсиш аз ҷониби мутахассисони Агентии меҳнат ва шуғли ахолӣ дар 700 ташкилоту корхонаҳои се соҳаи иқтисодиёт: саноати коркард, сохтмон, неруи барқ ва таъминоти газу об гузаронида шуд.
Дар мизи мудаввар доираи васеи тарафҳои ҳавасманд, аз ҷумла вазорату идораҳои соҳавӣ, шарикони сетарафа, намояндагони минтақаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Чунин таҳқиқот дар Тоҷикистои бори нахуст анҷом дода шуд ва он таҷрибавӣ (пилотӣ) мебошад.
Усули таҳқиқот дар заминаи методикаи Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ матраҳ шудааст.
Яке аз ҳадафҳои ин тадқиқот аз ҷорӣ намудани методикаи мазкур дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ иборат мебошад, ки он барои ҳамасола ба даст овардани маълумоти фаврӣ доир ба талаботи воқеии бозори меҳнат ба мутахассисон ва салоҳиятҳо зарур аст.
Ин маълумот барои фаъолияти муассисаҳои низоми таҳсилоти касбӣ дар кишвар муҳим мебошад.
Аз рўи натиҷаҳои таҳқиқот на танхо тавсияҳо пешниҳод шудаанд, инчунин нақшаи мушаххаси корӣ тарҳрезӣ шудааст, ки он ба ҷорӣ намудани ин методика дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ нигаронида шудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






